БАРРАСИИ РАФТИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМАИ

БАРҚАРОРСОЗӢ ВА РЕИНТЕГРАТСИЯ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

     20-уми апрели соли 2026 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи гурӯҳи машваратӣ ҷиҳати таъмини иҷрои Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028 баргузор гардид.

     Дар ҷаласа муовини раиси ноҳия, роҳбари гурӯҳи машваратӣ Неъматулло Давлатзода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони раёсату шуъбаҳо, бахшҳо ва дигар масъулин иштирок намуданд. Зикр гардид, ки Барномаи мазкур дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2024 таҳти №9339 қабул гардида, ба барқарорсозӣ, мутобиқсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ равона шудааст. Бо мақсади татбиқи самараноки он дар ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи амали солҳои 2024–2026 тасдиқ гардида, гурӯҳи машваратӣ таъсис дода шудааст.

     Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои марбут ба ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор, пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ, ҷалби ниҳодҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани самаранокии чорабиниҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кор бо занон ва оила, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, инчунин, бахши дин ва танзими ҷашну маросим дастур дода шуд, ки фаъолияти гурӯҳҳои дохилиидоравиро тақвият дода, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиро дар самти амалисозии Барномаи мазкур ба роҳ монанд. Дар фарҷом масъулин ҷиҳати таъмини иҷрои босифат ва саривақтии чорабиниҳои пешбинишуда вазифадор карда шуданд.