- Диданд: 17
«ДЕҲА БА ДЕҲА». Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳраки Навобод
Дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии аҳолӣ, дар кӯчаи Айнии Ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии навбатӣ бо усули «Деҳа ба деҳа» баргузор гардид.
Дар мулоқот сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Лайло Назирова, мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Парвона Латифова иштирок намуданд.
Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами рӯз, ки ба суботу амнияти ҷомеа ва тарзи зиндагии шаҳрвандон иртибот доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм, баланд бардоштани сатҳи ҳушёриву зиракии сиёсӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти танзими ҷашну маросим ва пешгирии таъсири фарҳанги бегона ба муҳити иҷтимоӣ андешаҳои муфид баён карда шуданд.
Махсусан, таъкид гардид, ки дар шароити имрӯза пешгирии падидаҳои номатлуб аз ҳар як шаҳрванди масъул ҳисси баланди худшиносӣ, зиракии сиёсӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ талаб менамояд. Волидон ва ҷомеа бояд дар тарбияи дурусти фарзандон, бахусус, ҷавонон нақши фаъол дошта бошанд ва онҳоро аз таъсири гурӯҳҳои ифротӣ ва ғояҳои бегона эмин нигоҳ доранд.
Ҳамчунин, масъалаи риояи тозагӣ ва ободонии маҳалли зист низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Иштирокчиёнро ба тоза нигоҳ доштани кӯчаю маҳалла, роҳ надодан ба партофтани партовҳо дар ҷойҳои муқаррар нагардида ва муносибати масъулиятнок ба муҳити зист даъват намуданд. Зеро ободиву тозагии маҳал, пеш аз ҳама, аз фарҳанги шаҳрнишинӣ ва масъулияти ҳар як сокин оғоз меёбад.
Дар рафти вохӯрӣ миёни масъулин ва сокинон суҳбати озоду самимӣ сурат гирифта, ба саволу пешниҳодҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дода шуданд.



- Диданд: 16
Иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сайёр дар ноҳияи Рӯдакӣ
24 июли соли 2026 дар ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаласаи сайёр баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардорони раёсатҳо, роҳбарони ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳайати шахсии Шуъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандон, омӯзиши қонунгузорӣ, мутолиаи китобҳои бадеӣ, омӯзиши забонҳо, беҳтар намудани фаъолияти хизматӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва сари вақт ошкор намудани ҷиноятҳои содиршуда суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, ба фаъолияти кормандони Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ва бахшҳои шиносномадиҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, таъкид шуд, ки муносибат бо шаҳрвандон бояд дар сатҳи баланд, бо эҳтиром ва риояи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монда шавад.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои вобаста ба ислоҳоти милитсия, аз ҷумла фаъолияти нуқтаҳои сайёри милитсия ҷиҳати қабули арзу муроҷиатҳои шаҳрвандон, инчунин баланд бардоштани масъулияти кормандон дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷом Вазири корҳои дохилӣ ба роҳбарон ва ҳайати шахсӣ ҷиҳати тақвияти фаъолияти хизматӣ, риояи интизоми касбӣ ва таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.



- Диданд: 14
ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ШУРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Рӯз, 24-уми июли соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Шодиён, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Насриддинзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Юсуфзода, раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода, инчунин намояндагони шуроҳои ҷамъиятии шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияҳои Шаҳринав, Варзоб ва Рӯдакӣ иштирок намуданд.
Аз ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷаласаи мазкур муовини раиси ноҳия Неъматулло Давлатзода иштирок намуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокчиён доир ба мавзуъҳои «Иқтисоди сабз ҳамчун омили рушди устувори иҷтимоӣ» ва «Ҷоннок намудани доираи фаъолияти шуроҳои ҷамъиятӣ бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ» мубодилаи афкор анҷом доданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки гузариш ба иқтисоди сабз яке аз омилҳои муҳими таъмини рушди устувор ба ҳисоб рафта, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф ва рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия метавонад барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ҳамзамон, масъалаҳои тақвияти фаъолияти шуроҳои ҷамъиятӣ, густариши ҳамкориҳои онҳо бо мақомоти давлатӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани сатҳи иштироки шаҳрвандон дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои маҳаллӣ, инчунин мутобиқ намудани фаъолияти шӯроҳо ба талаботи замон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар бахши музокирот намояндагони шаҳру ноҳияҳо оид ба таҷрибаи фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои такмили фаъолияти онҳо андешаҳои худро иброз дошта, барои баланд бардоштани самаранокии кор пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.
Суханронон зикр карданд, ки шуроҳои ҷамъиятӣ ҳамчун пули робитаи давлат ва ҷомеа дар таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, пешбурди ташаббусҳои ҷамъиятӣ ва мусоидат ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нақши муассир доранд.
Дар фарҷоми ҷаласа ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо, мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва ҷоннок намудани фаъолияти шуроҳои ҷамъиятӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақа як қатор пешниҳодҳои судманд ироа гардида, иштирокчиён омодагии худро барои ҳамкории минбаъда баён намуданд.


Саҳифаи 3 аз 91

