БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Рӯз, 18-уми апрели соли 2026 дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ роҳандозӣ гардида, ба тарғибу эҳёи анъанаҳои миллӣ, ҳифзи таомҳои суннатӣ ва баланд бардоштани маҳорати кадбонугии занону бонувон равона шуда буд.
Дар маросими ифтитоҳи озмун намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла муовини раиси Кумита Абдулмаинзода Зарина, мудири шуъбаи иттилооти Кумита Исломзода Боғигул, инчунин муовинони раиси ноҳияи Рӯдакӣ — Давлатзода Неъматулло ва Исмоилзода Зарина, ҳамчунин мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия Усмонзода Моҳира иштирок намуданд.
Зимни баргузории озмун кадбонувони ҳунарманд аз ҷамоату деҳоти гуногуни ноҳия маҳорати баланди худро дар омода намудани хӯрокҳои миллӣ, ороиши дастархон ва пешниҳоди фарҳанги хонаводагӣ ба намоиш гузоштанд. Таомҳои омоданамуда на танҳо бо лаззати хос, балки бо тарзи зебои ороиш ва риояи суннатҳои миллӣ таваҷҷуҳи ҳайати ҳакамон ва меҳмононро ҷалб намуд. Ҳайати ҳакамон ба ҳар як иштирокчӣ аз рӯйи меъёрҳои муайян — маҳорати пухтупаз, тарзи пешниҳоди таом, тозагӣ, навоварӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ баҳо дода, сатҳи омодагии иштирокчиёнро баланд арзёбӣ карданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин озмунҳо дар таҳкими арзишҳои миллӣ, рушди фарҳанги хонаводагӣ ва боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа нақши муҳим дошта, барои эҳёи суннатҳои неки ниёгон заминаи мусоид фароҳам меорад.

