ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БО СОКИНОНИ НОҲИЯ ОИД БА ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ
22-юми апрели соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳия баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои пешгирии экстремизм ва терроризм, киберҷиноят ва тақвияти маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа муовини раиси ноҳия Неъматулло Давлатзода, намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо Суҳроб Толибзода ва прокурори ҳамин марказ Хусрав Убайдзода, инчунин, роҳбарону кормандони сохторҳои давлатӣ иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар чорабинӣ раисону муовинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва ҷамоатҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, шӯроҳои занону ҷавонон, ходимони дин ва дигар фаъолони ҷомеа ширкат варзиданд. Зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки дар доираи иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ва татбиқи “Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ як қатор тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд.
Аз ҷумла, дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардида, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва гурӯҳҳои кории муштарак таъсис дода шудаанд. Таъкид шуд, ки масъалаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм зери назорати доимӣ қарор дошта, дар машваратҳои кории назди роҳбарияти ноҳия мунтазам баррасӣ мегардад ва ба сохторҳои масъул ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуб супоришҳои мушаххас дода мешаванд. Дар идомаи ҷаласа намояндагони Прокуратураи генералӣ вобаста ба мазмуну моҳияти Стратегияи мазкур, вазъи кунунии қонуният ва роҳҳои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ба созмону ҳаракатҳои ифротӣ маърузаҳо пешниҳод намуданд.
Зикр гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи сулҳу субот, таҳкими худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, танҳо дар заминаи ҳамкории зичи ҷомеа ва мақомоти давлатӣ метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Дар фарҷоми вохӯрӣ ба масъулин ҷиҳати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва иҷрои босамари нақшаи чорабиниҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

