Ҳамдиёрони азиз, сокинони сарбаланд ва шарафманди ноҳияи Рӯдакӣ!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза ҳамаи шуморо ба муносибати Иди саиди Фитр самимона табрику таҳният мегӯям ва ба ҳамаи Шумо тансиҳатӣ, хотири ҷамъ ва ба хонадонатон саодати рӯзгор ва баракат орзу менамоям.
Хурсандиовар аст, ки аҳли мардум Иди саиди Фитрро ҳамасола бо амалҳои хайру савоб ва шодмониву хушҳолӣ истиқбол мегиранд ва шукрона мекунем, ки ба шарофати истиқлолу озодии кишварамон Иди саиди Фитр ва дигар ойину суннатҳои миллиамонро дар шароити сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ таҷлил менамоем.
Дар ин рӯзҳо мардуми мо аъмоли шоистаи инсонӣ, аз ҷумла кӯмаку дастгирӣ ба ятимону маъюбон, ниёзмандону камбизоатҳо, аёдати падару модарон ва калонсолонро анҷом медиҳанд ва дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мефиристанд.
Тибқи таълимоти дини мубини ислом Худованд ин рӯзро барои ҳамаи мусулмонон ҳамчун рӯзи қабули дуои нек дар ҳаққи ҳамдигар, оромиву ободии Ватан ва анҷом додани корҳои хайру савоб муқаррар кардааст.
Яъне, ҳикмати иди саиди Фитр ва дар маҷмуъ, моҳи шарифи Рамазон ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъии аҳли ҷомеа ва густариши арзишҳои неку созандаи ахлоқиву маънавӣ, аз ҷумла эҳтирому самимият бо якдигар ва ҳамдигарфаҳмӣ дар байни одамон мебошад.
Рӯза доштан ҳамчун рукни муҳими бинои мусулмонӣ гувоҳи он аст, ки таълимоти ислом саршори ғояҳои эҳсону накӯкорист, ҳусни муошират бо аҳли хонадон, улфату муҳаббат ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, бо дӯстону ҳамкорон, раҳму шафқат ба беморону нотавонон, ёриву ғамхорӣ ба дармондагону бечорагон, ёди хайр аз гузаштагон аст.
Одоби исломӣ ҷавонмардиву олиҳимматӣ, гузашт кардан ва бахшидан аст, интиқом наҷустан аст, кинаву адоват ва хусумат надоштан аст, бурдборӣ, чеҳраи хандон ва оғӯши кушод, сипосгузорӣ ва қадрдонӣ, аз манфиати худ боло гузоштани манфиатҳои ҷомеа ва миллату давлат, раҳоӣ аз банди ҳавову ҳавасҳост.

Ислом покиву парҳезгорӣ аст, илму адаб ва панду насиҳат аст.

Яке аз ҳикматҳои аслии моҳи мубораки шарифи Рамазон дар он ифода меёбад, ки инсон бо эҳсоси гуруснагиву ташнагӣ аз ҳолати ятимону маъюбон, беморону эҳтиёҷмандон ва шахсони камбизоат бештар огоҳ мегардад ва барои осон намудани мушкилоти онҳо мувофиқи имконияту тавони худ дасти кумак дароз мекунад. Зеро маънии рӯзадорӣ ва рӯза гирифтан дар табиати одамон, пеш аз ҳама пок нигоҳ доштани дилу забон, зоҳиру ботин, бо муомилаи неку меҳрубонӣ ба ҷо овардани иззати инсон ва раҳму шафқатро бедор месозад.
Ҳамчунин, ҳар як фарди муъмин бояд дар хотир дошта бошад, ки дар моҳи шарифи Рамазон амалҳои неку писандида, аз ҷумла хайроту садақа на ба хотири зоҳирпарастӣ, намоишкорӣ, исрофкорӣ ва худро аз дигарон болову беҳтар нишон додан, балки барои ба даст овардани хушнудии Худованд анҷом дода мешаванд.
Фазилати моҳи Рамазон дар ботини ҳар як мусулмон ташаккул додани хислати ҷавонмардӣ ва саховатмандӣ мебошад.
Ҳамаи мо аз вазъияти сиёсии ҷаҳони муосир хуб огоҳӣ дорем.
Аз ин лиҳоз, ҳамдиёрони азиз, аз пештара боз ҳам, ҳама сарҷамъу муттаҳид, ватани маҳбуби орому осудаамонро сидқан дӯст дорем, ватандӯсту ватанпарвар, оилаи солим бо тарбияи хуби фарзандон ва ҳамешагӣ дар фикру зикри ободии Ватан, миллат ва давлат бошем.
Фарзандонро бо интизоми намунавӣ ва садоқат ба Ватан, дониши хубу аъло, муоширати самимона, азбар намудани на кам аз ду забонҳои хориҷӣ, гиромидошт ва эҳтиром ба падару модар, соҳибкасб шудан, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарову ифротӣ, хабардошт аз нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам ва даҳшату оқибатҳои фалокатбори терроризму экстремизм, даст назадан ба ҷинояту ҷинояткорӣ, эҳтироми қонунҳо ва риояи ҳатмии талаботҳои он, ба воя расонем.
Маврид ба зикр аст, ки дар саросари кишвар, аз он ҷумла дар ноҳия маъракаи баҳории даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад ва мебояд фарзандони синну соли даъватиро ба адои хизмати ҳарбӣ ҳамчун қарзи муқаддас ва садоқат дар пеши Ватан-Модар сафарбар намоем.

Итминон дорам, мардуми олиҳиммату саховатманд ва бонангу номуси ноҳияамон дар чунин раванди неку созанда дар доираи омодагӣ ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон вусъати бештар пайдо мекунанд ва бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бузурги миллиамонро дар шароити орому осудаи Ватани азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо истиқбол мегирем.

Бо чунин нияту орзуҳои нек бори дигар, Иди шарифи Рамазонро ба мардуми шарафманди ноҳия табрику таҳният намуда, барои сокинони ноҳияамон хонаи обод, ризқу рӯзии фаровон, тандурустӣ, фарохдастиву имони комил ва саодати рӯзгорро орзу менамоям.

ИД МУБОРАК, ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!