Ҳамдиёрони гиромӣ,
Муҳтарам аҳли қалам!
Ҳар сол чун анъана дар оғози фасли зебои баҳор аҳли қалам Рӯзи матбуоти тоҷикро ботантана таҷлил мекунад. Ҳамаи кормандони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони соҳаро бо иди касбиашон табрик гуфта, ба онҳо саломатии бардавом, хушиҳои рӯзгор ва комёбиҳои тозаи эҷодиро таманно менамоям. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар барои рушди матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуда, журналистикаи тоҷик ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид, ки дар натиҷа он тадриҷан ба муҳофизи воқеии манфиатҳои миллӣ табдил ёфт.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Матбуоти тоҷик, сарфи назар аз шакли моликият, дар даврони истиқлол тадриҷан рушду такомул ёфта, имрӯз ба Тоҷикистон ва мардуми он софдилона ва содиқона хизмат менамояд”.
Воқеан, дар ҷаҳони муосир воситаҳои ахбори омма дар таҷассуми воқеаву рӯйдодҳо, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, тарғиби расму ойинҳо, ғояҳои инсондӯстӣ, тарбияи маънавии ҷомеа ва баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа нақши назаррас дошта, бар асоси таъсири матлуби он дар рӯзгори ҷорӣ мардум бо таҳаввулоти азими сиёсиву иқтисодӣ маҳз тавассути ин дастгоҳи тавонои хабариву таҳлилӣ ошно мегардад.
114 сол пеш аз ин бо ибтикори гурӯҳе аз равшанфикрону фарҳангиёни тоҷик нахустин рӯзномаи тоҷикӣ - “Бухорои шариф” таъсис дода шуд, ки минбаъд ба пайдоиш ва ташаккули матбуоти тоҷик замина гузошт. Таъсиси рӯзномаи мазкур яке аз падидаҳои ҷолиби асри 20 маҳсуб ёфта, дар он маводи гуногун оид ба вазъи сиёсии замон, расму оин, забону фарҳанг, илму маориф, тиҷорату бозаргонӣ, ахлоқу ҳунар ва зиндагии рӯзмарраи мардум дарҷ мегардид, ки ба ташаккули афкори солим ва бедории ҷомеа мусоидат намуд.
Матбуот дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳимми сиёсӣ ва маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолату воқеияти рӯзгор нақши муассир дорад.
Имрӯз матбуоти тоҷик бо арзишҳои маънавии миллиамон: забон, адабиёт, оину фарҳанг дар як сатҳ қарор гирифта, дар рушди ҷомеаи мутамаддини муосир саҳми амиқ мегузорад. Саҳифаҳои таърихи матбуоти тоҷикро варақгардон намуда, ба хубӣ метавон дарёфт, ки дар сархати маводу матолиби рӯзномаҳои вақт мавзуъҳои марбут ба ормонҳои миллӣ, бахусус, истиқлолият, озодӣ ва меҳанпарастӣ қарор доштаанд. Маҳз, бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр ва манзалати матбуоти тоҷик низ баланд гардида, барои фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуданд.
Бори нахуст бо ибтикори Сарвари давлат соли 1994 Рӯзи матбуоти тоҷик дар ҷумҳурӣ ботантана таҷлил гардид. Дар ин замина қабули як қатор қонунҳои марбут ба соҳа, аз ҷумла, ба тасвиб расидани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи табъу нашр», Фармону Амри Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии васоити ахбори омма», «Оиди ташкил ва баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ» баёнгари эътибори саривақтии роҳбарияти мамлакат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи матбуот ва воситаҳои ахбори омма аст.
Воқеан ҳам, нақши матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеа хеле назаррас буда, фаъолияти пурсамари онҳо ба ташаккули афкори ҷомеа ва бозтобу ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат менамояд. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Зеро ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист”.
Бо дарназардошти нақш ва мақоми шоистаи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ барои беҳтар гардидани фаъолияти расонаҳо иқдомҳои заруриро амалӣ намуда, пайваста аҳли қаламро дастгирӣ менамояд.
Боварии комил дорам, ки журналистони ноҳия дар инъикоси корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузошта, меҳнату фидокориҳои мардумро дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт менамоянд. Бори дигар, кормандони воситаҳои ахбори оммаро ба муносибати 114-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик табрик гуфта, барояшон рӯзгори обод ва дар корҳои эҷодиашон фатҳи қуллаҳои навро таманно мекунам.
Ид муборак, аҳли қалами ноҳияи Рӯдакӣ!

