Модарону бонувони азиз!
Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат − ҷашни фархундаи “Рӯзи Модар” фаро мерасад. Чун Модар офаридгор ва фидокор аст, баҳор низ фасли бедоршавии табиат, шукуфтанҳою созандагиҳост.
Модар барои ҳар кас маҳбубтарин шахс аст. Бинобар ин, ҳамаи шумо ва кулли модарону бонувони ноҳияро ба ин муносибат муборакбод гуфта, ба шумо саломативу саодатмандӣ, зебогӣ, накҳату таровати баҳорӣ ва рӯзгори хушу некрӯзиҳои паёпайро таманно менамоям.
Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд. Зеро меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек монанд мебошад.
Ҳамин буд, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ба тасвиб расид.
Имрӯз занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба масъалаи бузургдошти мақоми занону бонувон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, чунин фармуданд:
«Мо ба қаноатмандӣ изҳор медорем, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамоем».
Дар баробари чунин ғамхориву дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти занону бонувон модаронро зарур аст, ки ба тарбияи шоистаи фарзандон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Дар баробари сабру таҳаммул, бурдборӣ ва заҳмату талоши пайваста ҷиҳати тарбияи солими фарзандон масъулият калон аст.
Мутаассифона, баъзе падару модарон ба тарбияи фарзандони худ таваҷҷуҳи махсус зоҳир накарда, ба ин кори ниҳоят муҳим бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, ки оқибат самараи талхи тарбияи худро бо чашм мебинанд, вале афсӯс ки пушаймонӣ суде надорад.
Бинобар ин, падару модарон барои ҳифзи фарзандон аз хурофоту ҷаҳолат бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чи духтару чи писар хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд.
Мо бояд ба қадри неъмати бебаҳои амният ва сулҳу субот бирасем ва дар ҳифзу ҳимояи Ватани азиз ҷонфидо бошем. Мо аз тоҷику тоҷикистонӣ будани худ ифтихор дорем ва бо ҷону дил истиқлоли Ватани азизро ҳифз менамоем!
Дар интиҳои сухан бо таманнои осоиштагии модарону бонувони азиз ба кулли мардуми шарифи ноҳияи Рӯдакӣ саломативу саодатмандӣ, некрӯзиву хушбахтӣ ва комёбиҳои беназирро орзу менамоям.
Бигузор сулҳу суботи ҷовидонии мардуми кишварамон ва хонаободии ҳар сокини Ватани маҳбубамон таҳти ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорсолаҳо поянда бошад.
Рӯзи Модар муборак бошад бонувону хоҳарони азиз!