- Диданд: 15
- Диданд: 29
Имрӯз , 11- уми феврали соли 2026 таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Салимзода Нусратулло ҷаласаи ситод оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории хизмати ҳарбӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовинони раиси ноҳия, комиссари ҳарбӣ, раисони ҷамоатҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуда, масъалаҳои омӯзиши пеш аз даъватӣ, муайян намудани шумораи дақиқи шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999–2008 ва омодагии ҳамаҷониба ба маърака мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимни нишаст ба сохторҳои марбута ҷиҳати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ ва таъмини ташхису солимгардонии даъватшавандагон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Таъкид гардид, ки маъракаи даъвати баҳории соли 2026 бояд дар фазои масъулиятшиносӣ, ҳамоҳангии зичи сохторҳо ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардад.
- Диданд: 29
Имрӯз, 9-уми феврали 2026 дар толори бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки доираи васеи хабарнигорони расонаҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ нишасти матбуотии раиси ноҳияи Рӯдакӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2025 баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Салимзода Нусратулло, муовини аввал, муовинон, дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ширкат варзиданд.
Дар нишасти матбуотӣ хабарнигорон аз воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ, расонаҳои мустақил ва соҳавӣ, аз ҷумла Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар", "Азия- плюс" нашрияҳои "Халқ овозӣ", "Ҷумҳурият", "Бонувони Тоҷикистон", "Народная газета", "Оила" ва ғайра иштирок намуданд.
Дар оғози нишаст, баъди суханронии муқаддамотии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Салимзода Нусратулло, иштирокчиён ва намояндагони воситаҳои ахбори омма бо варақаи иттилоотӣ, ки дар асоси натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2025 омода шуда буд, шинос гардиданд.
Сипас, бо пешниҳоди раиси ноҳия қисмати суолу ҷавоби нишасти матбуотӣ оғоз ёфт. Дар ин қисмат хабарнигорон ба суолҳои хеш дар хусуси мушкилӣ ва камбудиҳое, ки дар ҳудуди ноҳия ба назар мерасанд, аз ҷониби раиси ноҳия ва роҳбарони сохторҳои дахлдор посухҳои мушаххас гирифтанд.
Нишасти матбуотӣ дар фазои озод сурат гирифта, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия намояндагони воситаҳои ахбори оммаро барои ҳамкории судманд дар самти бартарафсозии саривақтии мушкилоти ҷойдошта даъват карданд.
Саҳифаи 12 аз 82

