Санаи 7- уми феврали 2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади гиромидошти анъанаҳои бостонӣ ва тарғиби фарҳанги миллӣ ҷашни Сада бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Салимзода Нусратулло ва намояндагони сохторҳои гуногун бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид.
Дар чорабинии идона роҳбарону кормандони корхонаву идораҳо, муассисаҳои давлатӣ, фаъолони ҷомеа ва сокинони ноҳия иштирок намуда, саҳми худро дар муаррифии арзишҳои фарҳанги миллӣ гузоштанд. Ба ин муносибат намоиши васеи таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти дастии ҳунармандон ташкил карда шуд, ки диққати иштирокчиён ва меҳмононро ба худ ҷалб намуд.
Идораву муассисаҳои ноҳия ва масъулини ҷамоатҳо бо омодасозии якчанд таоми маҳаллӣ анъанаҳои қадимаи мардуми тоҷикро эҳё намуда, тарзи таҳия ва фарҳанги дастархони миллиро ба намоиш гузоштанд. Ин иқдом ба баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, эҳтиром ба расму ойинҳои ниёгон ва таҳкими худшиносии миллӣ мусоидат намуд.
Инчунин кишоварзони ноҳия маҳсулоти кишоварзӣ ва гулу буттаву ниҳолҳои ҳамешасабзро пешниҳоди иштирокдорон намуданд.
Зимни боздид аз ҷараёни ҷашн иҷрокунандаи раиси ноҳия муҳтарам Салимзода Нусратулло бо сокинон ва кишоварзони ҷамоат ҳамсуҳбат гардида, барои иштироки фаъолонаашон баҳои баланд арзёбӣ намуд.