Санаи 7-уми феврали соли 2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба 1050-солагии нахустин бонуи суханвари адабиёти тоҷику форс — шоири барҷаста Робияи Балхӣ, чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Салимзода Нусратулло, роҳбарони корхонаву муассисаҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, аҳли фарҳанг, омӯзгорон, ҷавонон ва дӯстдорони адабиёти классикӣ иштирок намуданд. Дар доираи барнома намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардида, ҳунару заҳмати мардумро бозгӯ намуд.
Чорабинии мазкур дар доираи қабул гардидани қатъномаи ЮНЕСКО оид ба таҷлили 1050-солагии Робияи Балхӣ дар сатҳи байналмилалӣ баргузор шуда, тибқи он ҷашнвора дар солҳои 2026–2027 таҷлил мегардад. Ин иқдом нишонаи арҷгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси ғании адабию фарҳангии халқи тоҷик арзёбӣ мешавад.
Зикр гардид, ки Робияи Балхӣ ҳамчун нахустин шоири соҳибдевон дар адабиёти тоҷику форс бо осори пурмазмун ва андешаҳои ҷасуронааш мақоми баландро ишғол намуда, то имрӯз рамзи истеъдод, озодандешӣ ва нерӯи маънавии зан дар тамаддуни шарқ ба шумор меравад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 таъкид намуданд, ки қабули қатъномаи ЮНЕСКО оид ба бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ далели равшани эътирофи ҷойгоҳи хоси мероси маънавию фарҳангии тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. Ба таъкиди Сарвари давлат, ин рӯйдоди таърихӣ самараи сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Чорабинии фарҳангӣ бо барномаи рангини адабӣ-фарҳангӣ, қироати ашъори Робияи Балхӣ ва баромадҳои ҳунармандон анҷом ёфта, дар дилу дидаи иштирокчиён эҳсоси ифтихор аз таъриху фарҳанги миллиро бедор намуд.

