Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон сафари худро ба минтақаҳои кишвар бо мақсади шиносоӣ бо вазъи омодагии дастаҳои футбол ба мавсими нав идома медиҳад. Имрӯз ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон бо шумули ноибони президент Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, ва роҳбари шуъбаи иншооти варзишии ФФТ Абдураҳмон Охунзода аз ноҳияи Рӯдакӣ боздид карда, бо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Нусратулло Салимзода мулоқот намуданд.
Дар доираи муколамаи созанда, ҷонибҳо рушди минбаъдаи футбол дар ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин чораҳои дастгирии дастаи футболи «Рангон»-ро аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳи махсус ба омодагии Варзишгоҳи марказии ноҳияи Рӯдакӣ ба мавсими дарпешистода зоҳир карда шуд. РАБОЧАЯ ГРУППА ФЕДЕРАЦИИ ФУТБОЛА ТАДЖИКИСТАНА ПОСЕТИЛА РАЙОН РУДАКИ Рабочая группа комиссии Федерации футбола Таджикистана продолжает плановые ознакомительные поездки по регионам страны в рамках подготовки футбольных команд к новому сезону. С
егодня делегация Федерации футбола Таджикистана в составе вице-президентов Алишера Урунова и Сайвали Дониёрзода, а также начальника отдела спортивных сооружений ФФТ Абдурахмона Охунзода посетила район Рудаки. В ходе визита состоялась встреча с исполняющим обязанности председателя района Нусратулло Салимзода. В рамках конструктивного диалога стороны обсудили вопросы дальнейшего развития футбола в районе Рудаки, а также меры поддержки футбольной команды «Рангон» со стороны местного исполнительного органа государственной власти. Особое внимание было уделено подготовке Центрального стадиона района Рудаки к предстоящему футбольному сезону.

