30-юми январи соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ таҳти раёсати муовини якуми раиси ноҳияи Рӯдакӣ иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар кори иҷлосия иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Нусратулло Салимзода, муовини якум, вакилони Маҷлиси вакилони халқ, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раис, раёсатҳо ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд. Пас аз интихоби котибот ва тасдиқи дастури кории иҷлосия, вакилон рӯзномаи иҷлосияро, ки аз се масъала иборат буд, тасдиқ намуда, мавриди баррасӣ қарор доданд.

      Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома ахбороти раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот Забиров С. шунида шуд. Номбурда дар баромади худ оид ба пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Деҳотӣ №1 Абдуғаффор Ҳикматуллозода ва таъин намудани интихоботи дигар дар ҳамин ҳавзаи интихоботӣ иттилоъ дод. Зимни баррасии масъалаи мазкур зарурати риояи қатъии талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди интихоби вакили халқ таъкид гардида, вакилон ахбороти пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намуданд. Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома тасдиқи як қатор қарорҳои раиси ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар байни иҷлосияҳои панҷум ва шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қабул гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

       Оид ба масъалаи сеюми иҷлосия прокурори ноҳия Мутеъуллоҳ Раҷабзода баромад намуда, оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, пешгирӣ аз таълимоти нодуруст ва ғайрирасмии динию мазҳабӣ, пешгирии тамоюл ба пӯшидани либосҳои бегона ва симои зоҳирии тақлидкорона бо баҳонаҳои сатру ҳиҷоб ва суннати исломӣ, дуруст шакл додани ақидаҳои динӣ ва имону эътиқод, риояи ҳатмии талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», мақсадноку сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, пешгирии талафот ва дуздии он, такомули фаҳмиши дурусти сиёсӣ, таблиғу ташвиқи моҳияти ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва мубориза бо таҳоҷуми фарҳангиву идеологӣ, пешгирии аз таҳсил дур мондани фарзандон, риояи талаботи қонунгузории кишвар, риояи қоидаҳои шаҳрсозӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба истифодабарии дурусти замин ва дигар масъалаҳо ибрози назар кард. Аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, бо ҳамин кори иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, даъвати ҳафтум ба анҷом расид.