Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тирамоҳу зимистон Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯдакӣ корҳои таъмиру барқарорсозии дастгоҳҳои обкаширо бо маром идома медиҳад.
Таърихи 11 феврали соли ҷорӣ як адад дастгоҳи обкашии тамғаи 24НДС дар пойгоҳи обкашии «Лоҳур-1» аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, бо ҷалби кормандони техникии идора насб ва ба истифода омода гардид. Ҳамзамон, як адад дастгоҳи обкашии тамғаи 14Д6 дар пойгоҳи обкашии «Хоҷабулбулон» бо иваз намудани навард (вал) ва дигар механизмҳои асосӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, ба мавсими обёрӣ омода карда шуд. Дастгоҳи мазкур аллакай ба пойгоҳи обкашӣ дастрас ва насб гардидааст.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Таъмир ва нигоҳдории пойгоҳҳои обкашӣ» ду адад муҳаррики барқии иқтидорашон 1000 кВт бо 600 гардиш дар як дақиқа ба пойгоҳҳои обкашии «Лоҳур-1» ва «Лоҳур-2» барои истифода дастрас гардид. Ин иқдом барои таъмини фаъолияти мунтазам ва самараноки пойгоҳҳо мусоидат менамояд.
Кормандони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия тасмим гирифтаанд, ки корҳои таъмиру навсозии таҷҳизоти обкашӣ сари вақт ва бо сифати баланд анҷом дода шуда, омодагии пурра ба мавсими обёрии кишоварзӣ таъмин гардад.