Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон сафари худро ба минтақаҳои кишвар бо мақсади шиносоӣ бо вазъи омодагии дастаҳои футбол ба мавсими нав идома медиҳад.  Имрӯз ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон бо шумули ноибони президент Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, ва роҳбари шуъбаи иншооти варзишии ФФТ Абдураҳмон Охунзода аз ноҳияи Рӯдакӣ боздид карда, бо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Нусратулло Салимзода мулоқот намуданд.  

      Дар доираи муколамаи созанда, ҷонибҳо рушди минбаъдаи футбол дар ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин чораҳои дастгирии дастаи футболи «Рангон»-ро аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳи махсус ба омодагии Варзишгоҳи марказии ноҳияи Рӯдакӣ ба мавсими дарпешистода зоҳир карда шуд.    РАБОЧАЯ ГРУППА ФЕДЕРАЦИИ ФУТБОЛА ТАДЖИКИСТАНА ПОСЕТИЛА РАЙОН РУДАКИ  Рабочая группа комиссии Федерации футбола Таджикистана продолжает плановые ознакомительные поездки по регионам страны в рамках подготовки футбольных команд к новому сезону.  С

       егодня делегация Федерации футбола Таджикистана в составе вице-президентов Алишера Урунова и Сайвали Дониёрзода, а также начальника отдела спортивных сооружений ФФТ Абдурахмона Охунзода посетила район Рудаки. В ходе визита состоялась встреча с исполняющим обязанности председателя района Нусратулло Салимзода.  В рамках конструктивного диалога стороны обсудили вопросы дальнейшего развития футбола в районе Рудаки, а также меры поддержки футбольной команды «Рангон» со стороны местного исполнительного органа государственной власти. Особое внимание было уделено подготовке Центрального стадиона района Рудаки к предстоящему футбольному сезону.

    Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади таҷлили сазовори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми деҳаву маҳалла ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия чорабиниҳои идона ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор гардида истодааст.
     Аз он ҷумла, санаи 13-уми апрели соли ҷорӣ дар деҳаи Боғаки Ҷамоати деҳоти Эсанбой Наврӯзи байналмилалӣ бо баргузории чорабинии тантанавӣ ва мусобиқаи гуштингирӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
   Дар чорабинии идонаи Наврӯзи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода ширкат варзида, сокинони деҳот ва иштирокчиёни мусобиқаи варзиширо ба муносибати Наврӯзи хуҷастапай шодбош гуфтанд. Дар ин лаҳзаҳои хурсандиовар, ки  ҷашни байналмилалии Наврӯз идома дошт, сокинони ин ҷамоати дурдасти ноҳия миннатдории хешро оид ба доир гардидани чунин ҷашни бошукӯҳ изҳори сипос намуданд.
    Дар мусобиқаи гуштингирӣ паҳлавонон аз тамоми гӯшаву канори кишвар ширкат варзида, ҳунару маҳорати варзишии хешро нишон доданд.
  
     Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ гурӯҳи кории иборат аз намояндагони сохторҳои дахлдор дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо сокинон бо усули «Деҳа ба деҳа» ва «Маҳалла ба маҳалла» вохӯриҳо баргузор намуда истодаанд.
     Дар ин асос имрӯз, 16-уми апрел гурӯҳҳои корӣ дар ҳайати муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Неъматулло Давлатзода, намояндагони бахши дин, танзими ҷашну маросим, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва роҳбарияти ҷамоати деҳот дар деҳаҳои Тезгари боло, Тезгари поён, Зартеппа, Шаҳристон ва Майсазори Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳия бо сокинону фаъолон вохӯриҳо доир карданд.
      Дар рафти баргузории суҳбату вохӯриҳо ҳайати гурӯҳҳои корӣ мавзуъҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои ободониву созандагӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон, ташаккули маърифат, ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ дар ҷомеа, тарғиби фарҳанги миллӣ ва мубориза бо таҳоҷуми фарҳангиву идеологӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии аз таҳсил дур мондани фарзандон, риояи талаботи қонунгузории кишвар ва дигар масъалаҳои мавриди назарро матраҳ карданд.
        Дар ҷараёни вохӯриҳо аз ҷониби сокинону фаъолон низ оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз таклифу пешниҳодҳо ироа гардид.