Рӯзи 28- уми феврали соли 2026 бо ибтикори шӯъбаи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ роҳпаймоии ноҳиявӣ таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем» бахшида ба "Рӯзи модар" бо иштироки муовинони раиси ноҳия Давлатзода Неъматулло, Исмоилзода Зарина, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони соҳаҳои гуногун, омӯзгорону хонандагон, ҷавонону наврасони фаъол баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории ин иқдом таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу анъанаҳои неки ниёгон, тарғиби либоси миллӣ ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии шаҳрвандон арзёбӣ мегардад.
Иштирокчиён бо либосҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрас ва дигар намунаҳои ҳунари волои мардумӣ, дар фазои идона ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ роҳпаймоӣ намуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки аксияи «Тоҷикона мепӯшем» ҷиҳати эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, муаррифии фарҳанги ғании тоҷикон ва таҳкими ваҳдати ҷомеа мусоидат менамояд.
Ин гуна иқдомҳо дар замони ҷаҳонишавӣ барои ҳифзи асолати миллӣ ва муаррифии симои фарҳангии миллат аҳамияти хосса доранд.
Роҳпаймоии мазкур дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ифтихори миллӣ ва ҳамбастагии шаҳрвандон баргузор гардида, бори дигар нишон дод, ки сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ба фарҳангу суннатҳои миллӣ эҳтироми хосса зоҳир менамоянд ва дар ҳифзу рушди онҳо саҳми фаъол мегузоранд.
Дар охири чорабинӣ аз тарафи Бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ бо иштироки аҳли ҳунар хотири иштирокдоронро болида гардонид.

