Бо эҳтироми хоса ва эҳсоси баланд ҳамаи кормандон ва собиқадорони мақомоти Прокуратураи ноҳияро ба муносибати Рӯзи иди касбиашон табрик мегӯям.
Мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳимми низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии онҳо аз таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии мамлакат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат аст.
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ мақомоти Прокуратураи Тоҷикистон чун дигар сохторҳои давлатӣ таҳаввулоти зиёдро аз cap гузаронида, дар ҷомеа ҳамчун ниҳоди мустақил ва ҷавобгӯ ба принсипҳои демократии давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста касб намуд. Дар ин давра барои фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ-конститутсионӣ ташаккул ёфта, ваколату салоҳияти назоратию мурофиавии он дақиқ муайян шуданд. Самтҳои асосии фаъолияти прокуратура бо назардошти манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат мушаххас гардиданд. Заминаҳои рушд ва таҳкими фаъолияти мақомоти прокуратура дар Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди мустақили давлатӣ ба таърихи давлатдории навини тоҷикон, яъне ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ пайванди ногусастанӣ дорад.
Таърих ва роҳи тайкардаи мақомоти прокуратура дар даврони истиқлолият бозгӯи он аст, ки таҳкиму тавсеаи фаъолияти ин сохтор таҳти ҳидояту дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардида, мавқеи он дар низоми ҳуқуқии мамлакат боло рафт. Ҳоло мақомоти прокуратура фаъолияти худро ба замони муосир ва рушди босуръати технологияи иттилоотӣ мутобиқ намуда, барои беҳбуд бахшидан ба кори ҳаррӯза ҷиҳати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар саросари мамлакат тадбирҳои мушаххас андешидааст.
Имрӯз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура ба назорати риояи иҷрои якхелаи қонунҳо, таҳкими волоияти қонун ва суботу амнияти мамлакат нигаронида шудааст. Инчунин, назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки арзиши олӣ эътироф гардидааст, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, манфиатҳои давлат, шаклҳои гуногуни моликияти давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар мурофиаи судӣ, назорат ба риоя ва иҷрои қонунҳо, тафтиши ҷиноятҳо, таҳияи чораҳои пешгирии ҷиноятҳо, мубориза бар зидди коррупсия, терроризм, экстремизм ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии он, коррупсия ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо аз рисолатҳои дигари мақомоти прокуратураи Тоҷикистон мебошанд.
Бори дигар ҳамаи кормандон ва собиқадорони мақомоти прокуратураро ба муносибати Рӯзи иди касбӣ муборакбод мегӯям.
Ид муборак!

