Дар ноҳияи Рӯдакӣ ба муносибати сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат ва падару модарони наваскарон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.
       
         Раиси ноҳия Азизулло Исматзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки “Хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар як ҷавон мебошад”.
          Аз номи волидайни наваскарон Ҷавҳарбӣ Сатторова  суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки “Барои мо модарон аввало сулҳу амонии кишвар зарур буда, таъмини ҳаёти осоишта ба дӯши Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Мо ба матонату далерии афсарону сарбозони шуҷои Ватан эътимод дорем ва ман ифтихор мекунам, ки имрӯз фарзандам ба сафи муҳофизони Ватан пайваста, қарзи фарзандиро дар назди Модар-Ватан иҷро менамояд. Боварӣ дорам, ки давоми ду сол дар ин мактаби мардонагӣ аз лиҳози сиёсӣ, ҳарбию ҷисмонӣ ва ҷасорату матонат обутоб ёфта, дар оянда низ ба халқу Ватани азиз сарбаландона хизмат менамояд” .
          Наваскар Идибеков Ҳасан иброз дошт, ки “ Ман дар сафи Артиши миллӣ хизмат намуданро шарафу ифтихор ва соҳибимонӣ медонам. Аз ҷумлаи ҷавонони шаҳр даъват менамоям, ки сафи ихтиёриёнро барои хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ бояд зиёд кунем, зеро Ватан номӯси инсон ва ҳадяи раббонӣ маҳсуб ёфта, ватанбонӣ, яъне хизмат ба Ватан нишони имондорист”.
        Барномаи фарҳангӣ ба маъракаи гусели наваскарон шукӯҳи идона бахшид. Бо анъанаи «Кулчагазон»-у дуои неки волидон ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
        1 апрели соли равон раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ҳамчун намояндаи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳбарону фаъолони ноҳия вохӯрӣ доир намуд ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар маҷлиси Ҳукумати кишвар ироа гардиданд, ба ҳозирин расонид. Мавсуф таъкид сохт, ки барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти маҳаллиро мебояд нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, ин ҷашни бузурги миллиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.
        Ҳамзамон О.Хоҷазода аз камбудиҳои ҷойдошта ёдовар шуда, бо роҳбарону намояндагони сохторҳо ҷиҳати сари вақт бартараф намудани мушкилоти соҳаҳо ва боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии мардум маслиҳатҳои муфид дод.
 
 
 

       н.Рӯдакӣ 21.03.2022. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Рӯдакӣ ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи  байналмилалӣ дар ноҳия як силсила чорабиниҳои бошукӯҳи наврӯзӣ доир гардид. Дар ин маросими тантанавӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода, раиси ноҳия Азизулло Исматзода, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, аҳли ҷамоатчигӣ ва дигар сокинони ноҳия иштирок намуданд.

      Дар оғози тантанаҳои наврӯзӣ меҳмонон аз намоиши таомҳои миллӣ, дастархони "Ҳафт син" ва "Ҳафт шин", ҳунарҳои мардумӣ ва бозиҳои варзишии наврӯзӣ, ки дар роҳи марказии ноҳия аз назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то назди майдони муҷассамаи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ороста шуда буд, дидан намуданд.

      Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи ҳаваскорони маҳфилҳои адабӣ-драмавӣ, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва тарбиятгирандагони боғчаҳои бачагонаи ноҳия намоиши театркунонидашудаи наврӯзӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

       

     

   

    

     

       

   

    

    

Подкатегории