Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Шумо ва кормандони Прокуратураи ноҳияро ба муносибати иди касбӣ - Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура табрик гуфта, бароятон сарбаландӣ, сиҳатмандӣ, бахту саодат ва дар адои вазифаи пурмасъулият баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва саҳмгузорӣ дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муваффақиятҳо таманно менамояд.

        Мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии он ба таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ равона гардидааст. Аз ин рӯ таъмини қонунияту адолат, амният, сулҳу субот ва ризоият дар ҷомеа аз фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура вобаста мебошад.

     Боиси қаноатмандист, ки кормандони Прокуратураи ноҳия вазифаҳои аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштаро баҳри ҳимояи манфиатҳои давлат сарбаландона иҷро намуда истодаанд.

    Меҳнати пуршараф ва талошҳои шоистаи ҳар як корманди Прокуратураи ноҳия дар ин ҷода аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба хубӣ эҳсос мегардад.

    Бо боварӣ метавон гуфт, ки эътимоди баланди мардуми диёр ба азму иродаи кормандони прокуратура рӯҳу илҳоми тоза бахшида, барои ҳомии воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон будани онҳо роҳнамоӣ менамояд.

    Бори дигар ҷашни касбиро табрик гуфта, ба ҳар яки шумо дар иҷрои рисолати пуршарафатон комёбӣ таманно менамоям.

 

                                       Иди касбӣ муборак бошад!