н.Рӯдакӣ 21.03.2022. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Рӯдакӣ ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи  байналмилалӣ дар ноҳия як силсила чорабиниҳои бошукӯҳи наврӯзӣ доир гардид. Дар ин маросими тантанавӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода, раиси ноҳия Азизулло Исматзода, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, аҳли ҷамоатчигӣ ва дигар сокинони ноҳия иштирок намуданд.

      Дар оғози тантанаҳои наврӯзӣ меҳмонон аз намоиши таомҳои миллӣ, дастархони "Ҳафт син" ва "Ҳафт шин", ҳунарҳои мардумӣ ва бозиҳои варзишии наврӯзӣ, ки дар роҳи марказии ноҳия аз назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то назди майдони муҷассамаи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ороста шуда буд, дидан намуданд.

      Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи ҳаваскорони маҳфилҳои адабӣ-драмавӣ, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва тарбиятгирандагони боғчаҳои бачагонаи ноҳия намоиши театркунонидашудаи наврӯзӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.