Дар ноҳияи Рӯдакӣ ба муносибати сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат ва падару модарони наваскарон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.
Раиси ноҳия Азизулло Исматзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки “Хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар як ҷавон мебошад”.
Аз номи волидайни наваскарон Ҷавҳарбӣ Сатторова суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки “Барои мо модарон аввало сулҳу амонии кишвар зарур буда, таъмини ҳаёти осоишта ба дӯши Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Мо ба матонату далерии афсарону сарбозони шуҷои Ватан эътимод дорем ва ман ифтихор мекунам, ки имрӯз фарзандам ба сафи муҳофизони Ватан пайваста, қарзи фарзандиро дар назди Модар-Ватан иҷро менамояд. Боварӣ дорам, ки давоми ду сол дар ин мактаби мардонагӣ аз лиҳози сиёсӣ, ҳарбию ҷисмонӣ ва ҷасорату матонат обутоб ёфта, дар оянда низ ба халқу Ватани азиз сарбаландона хизмат менамояд” .
Наваскар Идибеков Ҳасан иброз дошт, ки “ Ман дар сафи Артиши миллӣ хизмат намуданро шарафу ифтихор ва соҳибимонӣ медонам. Аз ҷумлаи ҷавонони шаҳр даъват менамоям, ки сафи ихтиёриёнро барои хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ бояд зиёд кунем, зеро Ватан номӯси инсон ва ҳадяи раббонӣ маҳсуб ёфта, ватанбонӣ, яъне хизмат ба Ватан нишони имондорист”.
Барномаи фарҳангӣ ба маъракаи гусели наваскарон шукӯҳи идона бахшид. Бо анъанаи «Кулчагазон»-у дуои неки волидон ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.