Ҳамватанони маъюбу бепарастор, оилаҳои ниёзманд ва ятимон зери таваҷҷуҳ ва дастгири ҳамешагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  қарор доранд. 

       Дасти кумак дароз намудан ба шахсони ниёзманд аз амалҳои хайру савоб буда, яке аз хислатҳои беҳтарини инсонӣ маҳсуб меёбад. Бояд зикр намуд, ки ин қишри ҷомеа ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дорад. 
       Дар арафаи Иди Наврӯз аз ҷониби Бахши ҳифзи иҷтимоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар пайравӣ бо иқдомҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат ба аёдати як чанд оилаҳои ниёзманд рафта аз ҳолу аҳволи онҳо бархурдор гардид. Ва инчунин ба маюбони гурӯҳои  1 ва 2, ки қобилияти ҳаракат ва роҳ гаштанро надоранд ба онҳо аробачаи маюбӣ ва кумакҳои яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.