Санаи 12 май дар толори Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Курбони ноҳияи Рӯдакӣ семинари омӯзишӣ ва мониторинги барномаҳои соҳавӣ бо намояндагони фарҳанги ноҳия баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орифӣ Озар Баҳромзода, мудири шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Муҳаммадӣ Салимзода, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия Хайриддин Ҷалолзода иштирок намуданд.
      Дар мулоқот масъалаҳои ҳалталаби соҳа, вазъи китобхонаҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ, омодагӣ ба озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" ва дигар мушкилоту дастовардҳои соҳаи фарҳанг баррасӣ гардида, Орифӣ Озар Баҳромзода ба масъулини соҳаи фарҳанги ноҳия доир ба ҳуҷҷатгузории соҳаи фарҳанг, пешниҳоди гузоришу ҳисоботҳо ва дигар маъалаҳои ҷорӣ маслиҳатҳои муфид дод.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
        Санаи 8 апрел дар Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбон Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон" баргузор гардид. Дар фестивал намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раёсати маориф, кормандони Китобхонаи марказии ноҳия, навқаламон, иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва дигар дӯстдорони китоб иштирок намуданд.
           Сараввал меҳмонон аз намоишгоҳи китобҳо ва эҷоди навқаламони ҷавон дидан намуданд. Сипас мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Муҳаммадӣ Салимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, нақши китобро дар баланд бардоштани маънавиёти инсон назаррас арзёбӣ кард. Дар идома аз тарафи тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо, хонандагони мактаби санъати бачагонаи ба номи М. Ашрафӣ ва муассисаҳои таълимии ноҳия композитсияи адабӣ-мусиқӣ таҳти унвони "Ваҳдат кафолати беҳтарини рушди кишвар" пешниҳоди ҳозирин гардид. Ин барномаи рангин, ки аз шеъру таронаҳо дар васфи китобу китобхонӣ, сулҳу ваҳдат ва ватандӯстӣ, навозиш ва рақсҳои зебо иборат буд, ба фестивал шаҳомати дигар зам намуд.
 
  
 
  
 
   
 
     
 
   
 
   
 
 

                                         

 

Ҷалолзода Хайриддин Ҷалол 

    9-уми январи соли 1969 дар ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) ҷамоати Сарикиштӣ, деҳаи Нишони Ленин дар оилаи коргар таваллуд шудааст.

   Оиладор соҳиби 6 (шаш) фарзанд мебошад.

  Аз соли 2010 аъзои ҲХДТ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

      Соли 1976 қадами аввалини худашро ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47-и ноҳия гузошта, соли 1984 ин даргоҳи илму маърифатро бо баҳои хубу аъло  хатм намудааст.  Баъди хатми муассисаи таълимӣ ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи А.Бобоқулов месупорад ва ин омӯзишгоҳро соли 1988  хатм менамояд.

     Аз соли 1989 то соли 2007 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №73-и ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳайси омӯзгори фанни суруд ва мусиқӣ кору  фаъолият менамояд.

    Соли 2007 дар Қасри фарҳангӣ ба номи Кароматулло Қурбонов ба ҳайси солист (овозхон) ба кор таъин шудааст. 

    Аз соли 2007 то 2008 дар заводи пахтаи "Айнӣ" ҳамчун роҳбари клуб фаъолият намудааст.

    Аз соли 2009 то 2010 директори хонаи маданияти ҷамоати Сарикиштӣ шуда кору фаъолият намудааст.

      Соли 2010  ба Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи М.Турсунзода дохил шуда, соли 2015 донишкадаро бо муввафақият хатм менамояд.

    Аз соли 2011 то 2016 директори Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбонов кору фаъолият намудааст. 

     Аз соли 2016 то соли 2021 дар вазифаи директори мактаби санъати бачагонаи ба номи М.Ашрафӣ кору фаъолият намудааст.

     Ҳол он аз соли 2021 то ин ҷониб мудири Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ кор ва фаъолият намуда истодааст. 

 

                 Дар тулли фаъолияти корияш ба бисёр муввафақиятҳои ноил гардидааст: 

     Соли 2010 бо медали "Аълочии фарҳанг"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2016 бо медали  "Хизмати шоиста"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон,  моҳи сентябри  соли 2021 бо нишони "Аълочии илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон", моҳи октябри соли 2021бо нишони "Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва  моҳи ноябри соли 2021 бо нишони "30-солагии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон" сазовор гардидааст.

    Инчунин дар тӯли фаъолияти пурсамари меҳнатиаш аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор диплом, ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардидааст.