Санаи 12 май дар толори Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Курбони ноҳияи Рӯдакӣ семинари омӯзишӣ ва мониторинги барномаҳои соҳавӣ бо намояндагони фарҳанги ноҳия баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орифӣ Озар Баҳромзода, мудири шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Муҳаммадӣ Салимзода, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия Хайриддин Ҷалолзода иштирок намуданд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳалталаби соҳа, вазъи китобхонаҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ, омодагӣ ба озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" ва дигар мушкилоту дастовардҳои соҳаи фарҳанг баррасӣ гардида, Орифӣ Озар Баҳромзода ба масъулини соҳаи фарҳанги ноҳия доир ба ҳуҷҷатгузории соҳаи фарҳанг, пешниҳоди гузоришу ҳисоботҳо ва дигар маъалаҳои ҷорӣ маслиҳатҳои муфид дод.