Дар ноҳия 31 адад китобхона бо фонди умумии зиёда аз 204701 нусха маҳсулоти чопӣ, аз ҷумла 1 китобхонаи бачагона, 6 хонаи фарҳангӣ, 1 қасри фарҳанг, 11 клуб, 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 осорхона ва 1 мактаби санъати бачагона фаъолият менамоянд.

      Соли 2021 аз ҷониби Бахши фарҳанги ноҳия 97 чорабинии фарҳангӣ аз қабили суҳбату вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, фестивалу  озмунҳо ва консерту намоишномаҳо баргузор гардид, ки дар онҳо зиёда аз 48 ҳазор  нафар тамошобин иштирок доштанд.

    Дар соли 2021 нерӯи аҳли фарҳанги ноҳия, асосан ба масъалаҳои фароҳам овардани фароғати сокинони ноҳия, ташаккули завқи баланди бадеии насли ҷавон,  густариши санбати бадеӣ ва солҳои руди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ равона карда шуда, дар ин раванд теъдоди зиёди аҳолӣ ҷалб гардида, шумораи зиёди чорабиниҳои фарҳангӣ, оммавӣ ва маърифатӣ аз қабили Иди Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Модар, Иди ғалаба,  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмунҳои  “Чакомаи  гесӯ”, “Сайри  гули  лола” "фестивалҳои “Ҷилваи ҳусн”, “Тараннуми истиқлол”, “Файзи истиқлол”, “Ҳафтаи  китоби кӯдакону наврасон” ва “Андалеб -2021”,   рӯзҳои “Рӯдакӣ”, Мавлоно ҷалолуддини Балхӣ”   ва дигар ҷашну идҳо хотирмон  ва пуршукӯҳ таҷлил карда шуд.  

 

Дар ноҳияи Рӯдакӣ баҳри амалӣ намудани сиёсати  давлату Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор аз давлатдории миллӣ, тақвият бахшидан ба корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ҷиҳати мунтазам  гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, Амру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар доираи соли 2018 эълон гардидани соли  " Рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"-ро сармашқи кори худ қарор дода, мутобиқ ба он нақша- чорабиниҳои гуногуни  фарҳангиро тарҳрези намуда, ҷиҳати марҳила ба марҳила иҷроиши нақшаи чорабиниҳо ва татбиқи "Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020"  як ҷумла корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Дар  Бахши фарҳанги ноҳия  30 -адад муасисаҳои клубӣ, 37-адад китобхонаи оммавӣ - давлатӣ,  мактаби санъати бачагонаи ба номи М. Ашрафӣ, Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносӣ, театри халқӣ фаъолият намуда, 129 нафар мутахасисон: 49-нафар бо маълумоти Олӣ, 71 нафар бо маълумоти миёнаи тахассусӣ, 9 нафар бо маълумоти миёна буда, 4 нафарашон дар шӯъбаҳои  ғоибонаи Коллеҷи фарҳанги Ҷумҳуриявии ба номи П.Ҷ. Буйдоқов, 5 нафарашон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М.Турсунзода таҳсили ихтисос доранд.