- Диданд: 329
Ҳамасола 8 июл дар кишвар ҳамчун Рӯзи таваҷҷӯҳ ба шахсони дорои маъюбият ва калонсолон таҷлил мегардад, ки ин аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қишри ниёзманди ҷомеа дарак медиҳад.
Бо ҳамин мақсад имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии маъюбон "Ҳаракат" дар Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбони ноҳия бо иштироки доираи васеъи шахсони дорои маъюбият ва пиронсолони ноҳия чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Инчунин дар чорабинӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Муҳаммадӣ Салим, мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ Ҳасан Саидов, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии маъюбон "Ҳаракат" Иқбол Ҳайдаров ва сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии "Насими айём", роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии "Мумтоз" Рухшона Шобудинова иштирок карда, оид ба таваҷҷуҳ нисбати шахсони дорои маъюбият ва калонсолон суханронӣ намуданд.
Инчунин ҳуқуқшиносони Ташкилоти ҷамъиятии маъюбон "Ҳаракат" Фатҳулло Убайдуллоев баромад намуда, дар бораи Конвенсияи ҳуқуқи маъюбон маълумот дод
Дар идома аз тарафи сарояндагони хушовози шуъбаи фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертӣ пешкаши ҳозирин гардида, дар охир баҳри ҳамагон дастурхони идона густурда шуд.
- Диданд: 343
1 июн бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар Қасри фарҳанги ноҳия чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ доир гардид, ки дар он хонандагони муассисаҳои таълимӣ, мактаб-интернатҳо, тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои ноҳия ва дигар кӯдакону наврасон иштирок намуданд.
- Диданд: 340
ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" ОҒОЗ ГАРДИД.
Саҳифаи 2 аз 4