Санаи 8 апрел дар Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбон Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон" баргузор гардид. Дар фестивал намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раёсати маориф, кормандони Китобхонаи марказии ноҳия, навқаламон, иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва дигар дӯстдорони китоб иштирок намуданд.
Сараввал меҳмонон аз намоишгоҳи китобҳо ва эҷоди навқаламони ҷавон дидан намуданд. Сипас мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Муҳаммадӣ Салимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, нақши китобро дар баланд бардоштани маънавиёти инсон назаррас арзёбӣ кард. Дар идома аз тарафи тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо, хонандагони мактаби санъати бачагонаи ба номи М. Ашрафӣ ва муассисаҳои таълимии ноҳия композитсияи адабӣ-мусиқӣ таҳти унвони "Ваҳдат кафолати беҳтарини рушди кишвар" пешниҳоди ҳозирин гардид. Ин барномаи рангин, ки аз шеъру таронаҳо дар васфи китобу китобхонӣ, сулҳу ваҳдат ва ватандӯстӣ, навозиш ва рақсҳои зебо иборат буд, ба фестивал шаҳомати дигар зам намуд.