Дар ноҳия 31 адад китобхона бо фонди умумии зиёда аз 204701 нусха маҳсулоти чопӣ, аз ҷумла 1 китобхонаи бачагона, 6 хонаи фарҳангӣ, 1 қасри фарҳанг, 11 клуб, 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 осорхона ва 1 мактаби санъати бачагона фаъолият менамоянд.
Соли 2021 аз ҷониби Бахши фарҳанги ноҳия 97 чорабинии фарҳангӣ аз қабили суҳбату вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, фестивалу озмунҳо ва консерту намоишномаҳо баргузор гардид, ки дар онҳо зиёда аз 48 ҳазор нафар тамошобин иштирок доштанд.
Дар соли 2021 нерӯи аҳли фарҳанги ноҳия, асосан ба масъалаҳои фароҳам овардани фароғати сокинони ноҳия, ташаккули завқи баланди бадеии насли ҷавон, густариши санбати бадеӣ ва солҳои руди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ равона карда шуда, дар ин раванд теъдоди зиёди аҳолӣ ҷалб гардида, шумораи зиёди чорабиниҳои фарҳангӣ, оммавӣ ва маърифатӣ аз қабили Иди Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Модар, Иди ғалаба, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмунҳои “Чакомаи гесӯ”, “Сайри гули лола” "фестивалҳои “Ҷилваи ҳусн”, “Тараннуми истиқлол”, “Файзи истиқлол”, “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” ва “Андалеб -2021”, рӯзҳои “Рӯдакӣ”, Мавлоно ҷалолуддини Балхӣ” ва дигар ҷашну идҳо хотирмон ва пуршукӯҳ таҷлил карда шуд.