Дар ноҳияи Рӯдакӣ баҳри амалӣ намудани сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор аз давлатдории миллӣ, тақвият бахшидан ба корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ҷиҳати мунтазам гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, Амру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар доираи соли 2018 эълон гардидани соли " Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"-ро сармашқи кори худ қарор дода, мутобиқ ба он нақша- чорабиниҳои гуногуни фарҳангиро тарҳрези намуда, ҷиҳати марҳила ба марҳила иҷроиши нақшаи чорабиниҳо ва татбиқи "Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020" як ҷумла корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Дар Бахши фарҳанги ноҳия 30 -адад муасисаҳои клубӣ, 37-адад китобхонаи оммавӣ - давлатӣ, мактаби санъати бачагонаи ба номи М. Ашрафӣ, Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносӣ, театри халқӣ фаъолият намуда, 129 нафар мутахасисон: 49-нафар бо маълумоти Олӣ, 71 нафар бо маълумоти миёнаи тахассусӣ, 9 нафар бо маълумоти миёна буда, 4 нафарашон дар шӯъбаҳои ғоибонаи Коллеҷи фарҳанги Ҷумҳуриявии ба номи П.Ҷ. Буйдоқов, 5 нафарашон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М.Турсунзода таҳсили ихтисос доранд.
Бахши фарҳанги ноҳия як қатор чорабиниҳои фарҳангиро тарҳрезӣ намуда, дар сатҳи баланди фарҳангию- сиёсӣ, пешкаши сокинони ноҳия гардонид.
Дар таърихи 09.02.2018 бахшида ба соли 2018 эълон гардидани соли "Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" бо ташрифи меҳмонони олиқадр аз Пойтахти Ҷумҳурӣ, дар майдони марказии ноҳия ҳунарҳои дастии ҳунармандони мардумии шаҳраку ҷамоатҳои ноҳия ба марази намоиш гузошта шуда, аз ҷониби меҳмонон ва тамошобинон сазовори баҳои баланд гардид.
Аҳли фарҳанги ноҳия дар рӯҳияи баланди бунёдкориву созандагӣ бо мақсади тарбияи ҳисси ифтихори Миллӣ, ватандӯстӣ ва танзими рамзу суннатҳои Наврӯзӣ, таҳти унвони "Ҳумоюн бод Наврӯзи Ҷаҳонӣ", "Наврӯз ҷашни бостонӣ", "Наврӯзи фархундапай муборак", "Наврӯз -ҷавҳари покӣ", вохӯрӣ бо аҷли зиё ва адибон, озмуни қироати шеър дар васфи "Баҳору Наврӯз", байтбарак, барномаҳои пурмӯҳтавои консертӣ, намоиши театрикунонидашуда ва дигар чорабиниҳоро дар сатҳи баланд омода ва доир намуданд. Соли 2018 эълон гардидани Соли "Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ва эҳёи дигарбораи суннатҳои Наврӯзи дар бар мегирифт. Дар ин ҷашни пуршукӯҳ ҷиҳати ҷалби ҳунармандони касби ансамбли давлатии "Гулшан" ва гурӯҳи рақсии "Ҷаҳоноро" бо савту суруд ва рақсҳои ҷаззоб боз ҳам таровати тоза бахшид. Ҷараёни чорабиниҳои фарҳангии шаҳраку ҷамоатҳои деҳот ва барномаи калони театрикунонидашудаи ноҳия, тариқи воситаҳои ахбори оммаи кишвар васеъ иньикос гардид.
Инчунин дар доираи «Соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бегоҳиҳои рӯзҳои шанбе ва якшанбеи ҳар ҳафта дар майдони марказии ноҳия барномаҳои рангини консертӣ, саршор аз вафодорӣ ва садоқат ба Ватан, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, пос доштани сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ мебошанд, баҳри сокинон ва меҳмонони ноҳия пешниҳод карда мешавад.
Дар таърихи 04.04.2018 да доираи эълон гардидани соли 2018 соли «Об барои рушди устувор ва ҳунарҳои мардумӣ», дар Боғи «Парчами давлатӣ»-и шаҳри Душанбе намоиши китобӣ ва дастовардҳои ҳунарҳои мардумии ҳунармандони ноҳия ва консерти калони ҳаваскорони ноҳия пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуд, ки дар он зиёда аз 2700 тамошобин иштирок доштанд.
Дар таърихи 28.04.2018 дар доираи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми» дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе, ҳаваскорони Бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи калони консертӣ баромад намуда, хотири сокинон ва меҳмонони пойтахтро болида гардониданд.
Дар таърихи 06.05.2018 дар Боғи «Ирам»-и пойтахт консерти ҳаваскорони ноҳияи Рӯдакӣ баҳри сокинон ва меҳмонони пойтахт пешниҳод гардид, ки ин чорабинӣ дар доираи 21 солагии «Ваҳдати Миллӣ», 27 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба нақша гирифта шудааст.
Барои тақвияти такомули фаъолияти китобдорӣ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ" (соли 2003), "Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 ", "Барномаи компюторикунонии китобхонаҳои оммавии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013" , ҳамчун санадҳои асосии танзимкунандаи фаъолияти китобхонаҳо, барои талаботу ниёзҳои ҷомеаи муосир мувофиқ намудани самтҳои афзалиятноки рушди фаъолияти онҳо шароити мусоид фароҳам оварданд.
Дар китобхонаҳои давлатӣ - оммавии Бахши фарҳанг 54 нафар китобдорони соҳибкасб фаъолият доранд. Аз онҳо 9 нафарашон бо маълумоти Олӣ, 41 нафарашон бо маълумоти миёнаи тахассусӣ буда, ва 4 нафарашон бо маълумоти миёна буда, аксарияташонро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар китобхонаҳои оммавӣ- давлатӣ захираи китобҳо 232599 нусха-ро ташкил медиҳад, ки ҳар сол зиёда аз 23689 нафар хонандагони доимӣ аз онҳо истифода мебаранд. Аз шумораи умумии захираи китобӣ 91587 нусха бо забони тоҷикӣ, 108538 нусха бо забони русӣ ва 32454 нусха китоб бо дигар забонҳоро ташкил медиҳанд.
Самти асосии фаъолияти китобхонаҳо аз пурра гардонидани хазинаи китобӣ, хизматрасонии маълуотию иттилоотӣ, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангии замонавӣ, аз қабили конфронси илмӣ - амалӣ, вохӯрӣ, маҳфилҳои адабӣ - бадеӣ, намоиши китобӣ, хулосаҳои библиографӣ буда, бо назардошти талаботи ҷомеаи муосири иттилоотӣ, тарзу усулҳои хизматрасонии замонавӣ роҳандозӣ мегарданд.
Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносӣ -ягона макони фарҳангию бостон-шиносӣ дар тарғиби мероси гузаштаи Миллат ва инъикосгари давраҳои гуногуни таърихию фарҳангии ҷомеа ба шумор меравад.
Дар осорхонаи таърихӣ кишваршиносӣ зиёда аз 1100 номгӯи маводҳои гуногун: асбобњои рӯзгор ва кишоварзӣ, ҳунарҳои дастии мардумӣ, боигариҳои табии кишвар, мусаввараҳо ва ғайра гирд оварда шудаанд, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худогоҳии миллӣ нақши хоса мебозанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2018 дар Бахши фарҳанги ноҳия як силсила чорабиниҳои фармангӣ доир гардиданд, ки ҳамаи онҳо баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум, ҳисси хештаншиносӣ, муҳаббат нисбат ба Модар-Ватан, махсусан дар ниҳоди ҷавонон қавитар гардонидани арзишҳои баланд: ватандорию хештаншиносию меҳанпарастӣ ва садоқат ба Ватан мусоидат менамояд.