- Диданд: 514
Бо ташабуси Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва бахши бозрасии давлатии автомобилии ШВКД-1дар ноҳияи Рӯдакӣ таъбашавии нақлиёт дар кӯчаи марказии шаҳраки Сомониён бартараф карда шуд.
- Диданд: 528
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ
таъин намудани Исматзода А.У.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Исматзода Азизулло Убайдулло иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
24 ноябри соли 2020
№93
- Диданд: 676
Санаи 29 майи соли 2020 бо иштироки Муовини Сарвазир Чумхурии Точикистон мухтарам Ширин Исматуллозода дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат мухтарам Ширин Исматуллозода ва муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Назарзода Ризо, раиси ноҳия Рӯдакӣ мӯҳтарам Акрамзода Рустам, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, сарварони дармонгоҳҳои ноҳия, роҳбарони марказҳои саломатӣ, рохбарони сохторхои махалли ва фаъолони ноҳия бо мақсади таҳлили вазъи воқеӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси навъи COVID-19 ҷаласаи ситоди корӣ баргузор гардид.
Муовини Сарвазири мамлакат вобаста ба гузаронидани суҳбатҳо байни аҳолӣ, дарёфти нафарони табашон баланд, равон намудани онҳо ба беморхонаҳо ва дигар масъалаҳои муҳим аз масъулини соҳаи тандурустӣ ва роҳбарони марказҳои саломатӣ пурсон шуд.
Зикр гардид, ки айни замон дар ноҳияи Рӯдакӣ 1 маркази саломатии ноҳияви, 30 маркази саломатии деҳот ва 81 бунгоҳҳои саломатӣ фаъолият мекунанд.
Дар самти пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар ноҳия тадбирҳо пурзӯр карда шудаанд. Тибқи иттилои масъулини Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия, ҳамарӯза корҳои безараргардонӣ бо истифода аз нақлиёту дастгоҳи зарурӣ анҷом дода мешаванд. Барои иҷрои саривақтии корҳои безараргардонӣ миқдори заруриии маҳлулҳо захира карда шудаанд.
Дар ин самт корҳо аз ҷониби марказҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ низ тақвият дода шуда, табибони оилавии ҳамаи марказҳои саломатӣ имрӯзҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назорати солимии сокинонро дар мадди аввал қарор додаанд. Маводи доруворӣ, корҷомаҳои тиббӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ ба таври кофӣ захира карда шудаанд.
Дастур дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ, бо усули хона ба хонаи табибони оилавӣ ва ташхиси саривақтии нафарони дорои нишонаҳои коронавирус ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.
Муовини Сарвазири мамлакат дастур доданд, ки барои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дарёфти нафарони гирифтор ба бемории COVID-19 фаъолияти масъулин, занону ҷавонон,омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва Волонтиёрони Бахши кор бо чавонон ва варзиши нохия низ ҷоннок карда шавад.
Дар интиҳои ҷаласа мухтарам Ширин Исматуллозода ҷиҳати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолият, пеш аз ҳама, иҷрои саривақтии корҳои безараргардонӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Подкатегории
Саҳифаи 45 аз 64