19 майи соли ҷорӣ дар доираи татбиқи ташаббусу иқдомҳои иҷтимоӣ ва бо пайравӣ аз хислатҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва табобати мубталоёни бемории нави короновирус — COVID-19 аз тарафи Раиси ноҳияи Рӯдакӣ муҳтарам Акрамзода Рустам ба Беморхонаи марказии ноҳия ва 2 оилаи шаҳраки Сомониён кумакҳои моддиву молиявӣ расонида шуд. Кумак асосан аз маҷмуи маводҳои озуқа, аз ҷумла орду равған, шакару биринҷ, пиёзу картошка ва ниқобҳои тиббиву маводҳои беҳдоштӣ ва маблағҳои пулӣ расонида шуд.

         Кормандони беморхона барои ин таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипоси беандоза карда, иброз намуданд, ки бо тамоми масъулият хизмати мардумро ба ҷо меоранд. Баҳри таъмини солимии ҷомеа аз тамоми имкониятҳои корӣ ва кумаки моддии Ҳукумати мамлакат самаранок истифода мебаранд.