Расонидани кӯмакҳои моддиву молиявӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа аз ҷониби роҳбари КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул"-и ноҳияи Рӯдакӣ Эргашзода Туйчӣ Эргаш 15 май дар доираи татбиқи ташаббусу иқдомҳои иҷтимоӣ ва бо пайравӣ аз хислатҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва табобати мубталоёни бемории нави короновирус — COVID-19 аз тарафи роҳбари КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул"-и ноҳияи Рӯдакӣ Эргашзода Туйчӣ Эргаш ба зиёда аз 32 оилаҳои ниёзманди сокини шаҳраки Сомониён ва 18 нафар табибони Беморхонаи марказии ноҳия, ки дар сафи пеши мубориза бар муқобили COVID-19 қарор доранд, маводи озуқа, аз ҷумла орду равған, шакару биринҷ, тухм, пиёзу картошка ва ниқобҳои тиббиву маводҳои беҳдоштӣ, ба маблағи зиёда аз 24 ҳазор сомонӣ тақдим гардид. Кормандони беморхона барои ин таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипоси беандоза карда, иброз намуданд, ки бо тамоми масъулият хизмати мардумро ба ҷо меоранд. Баҳри таъмини солимии ҷомеа аз тамоми имкониятҳои корӣ ва кумаки моддии Ҳукумати мамлакат самаранок истифода мебаранд.

Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳудуди деҳоти Сарикиштӣ бинои беморхона, барои ба карантин фаро гирифтани гумонбаршудагон ба бемориҳои сироятӣ, пешбинишудаи дорои 100 кат, аз ҳисоби маоши роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо аз таъмири капиталӣ бароварда шуда истодааст.

Подкатегории