Ҷавонони созанда ва ғаюру далери кишвар!
Шумо ва дар симои шумо кулли ҷавонони кишварро ки ояндагони боэътимоди Ватани маҳбубу соҳибистиқлоламон маҳсуб меёбад, ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрику шодбош мегӯям ва ба ҳар яки Шумо дар ин айёми пурнишот хотири ҷамъу тансиҳатӣ, дастоварду муваффақият ва дар татбиқи ҳадафҳои неку созандаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастоварду муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоям.
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат эълон гардидааст. Ин таваҷҷуҳ ва ғамхории бузург Шумо ҷавононро дар роҳи иҷрои вазифаҳои арзишманде, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат ба зиммаатон вогузор намудаст, як ҷаҳон ифтихору рӯҳбаландӣ мебахшад
Тазаккур бояд дод, ки имсол Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо яке аз идҳои мусулмонони ҷаҳон Иди саиди Фитр ба ҳам омадааст. Ин воқеъият боз ҳам масъулинро водор месозад, ки баҳри некӯаҳолии зиндагии ҷавонон, бахусус ҷавонони имконияташон маҳдуд аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Дар ин радиф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Рӯдакӣ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия ҷавонони имконияташон маҳдудро аёдат намуда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонида истодааст.
Ба 1- уми майи соли ҷорӣ ҷавонони ноҳияи Рӯдакӣ 188043 нафар, аз ҷумла 92901 нафар духтарон буда, тақрибан 35 фоизи шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳанд. Боиси қаноатмандист, ки шумораи зиёди ҷавонони мо имрӯз дар соҳаҳои мухталифи омӯзгорӣ, тиб, кишоварзӣ, алоқа, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омор, ронанда, сохтмончӣ, соҳибкор ва ғайраҳо кору фаъолият менамоянд. Аз ҷумла зиёда аз 1835 нафар ҷавонони ноҳия аз он 1156 ё беш аз 60 фоизашон дар соҳаи маориф, 820 нафар дар соҳаи тандурустӣ, зиёда аз 7000 дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият дошта, 800 нафар ҷавонон ба соҳибкорӣ ва тиҷорат машғул ҳастанд. Ин воқеан нерӯи бузургест, ки бояд ба раванди созандагӣ ва бунёдкориҳо мутобиқ гардонида шуда, ҷомеаро пеш барад.
Яке аз масъалаҳои мубраме, ки ҳамаи мо бояд бо тамоми масъулият ва ҷиддият муносибат намоем, дар қалбу шуури ҷавонон бедор намудани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ буда, имрӯз ҷавонони мо бояд дар чунин рӯҳияе ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки ватанамон азизу муқаддас бошад ва ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандиву имонӣ ва шарафи бузург донанд.
Ҷавонони азиз!
Боварии комил дорам, ки Шумо ҷавонон аз ӯҳдаи иҷрои ҳама вазифаҳои дар наздатон гузошташуда сарбаландона мебароед ва минбаъд низ кӯшиш мекунед, ки ба нафъи давлату ҷомеа боз ҳам содиқона хизмат намоед.
Бо чунин орзуҳои нек, бори дигар, кулли ҷавонони саодатмандро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатӣ, иқболи нек ва дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ғайрату матонат ва азму иродаи қавӣ орзу менамоям.
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак!