ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРӢ БО ШАРИКОНИ РУШД

Бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати кишвар ва иҷрои барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддати давлатӣ ҳамкориҳои судманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо шарикони рушд идома доранд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби шарикони рушд дар соли 2025 як қатор ташаббусу иқдомҳои нек амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, бо иқдоми раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезагон (UNHCR) як қисмати боми Китобхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ аз таъмир бароварда шуда, дар Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳия синфхонаи пазандагӣ таъмир ва бозсозӣ гардид.
Ҳамзамон, бо маблағгузории Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) маҳфилҳои “Сарояндагони наврас” ва “Навозандагони наврас”-и Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳия бо асбобҳои мусиқӣ, аз қабили саксофон, гитор, дутор, най, доира ва баландгӯякҳо таҷҳизонида шуда, маҳфили “Дӯзандагӣ” бо мошинаҳои дӯзандагию попурӣ, миз барои пора намудани либос, оверлог ва маҳфили “Пазандагӣ” бо тафдону яхдон ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуд.
27-уми феврали соли ҷорӣ дар Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳия бо иштироки муовини раиси ноҳия Зарина Исмоилзода, сардори дафтари миллии раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезагон (UNHCR) Иван Салеев, роҳбари намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Тоҷикистон Имай Сейджу ва сардори раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Нуралӣ Ализода маросими тантанавии ифтитоҳи синфхонаҳо баргузор шуд.
Дар ҷараёни маросим муовини раиси ноҳия Зарина Исмоилзода суханронӣ намуда, ба намояндагони ташкилотҳои мазкур ҷиҳати иҷрои барномаҳои давлатӣ ва татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард. Гуфта шуд, ки дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд соли ҷорӣ дар Маркази эҷодии кӯдакону наврасони ноҳия се синфхона аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардиданд. Қайд гардид, ки имрӯзҳо дар Маркази эҷодии кӯдакону наврасони ноҳия 13 маҳфил амал намуда, 13 маҳфили дигар дар муассисаҳои базавӣ фаъолият мебаранд.
Роҳбари намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Тоҷикистон Имай Сейджу дар баромади хеш иттилоъ дод, ки бо иқдоми ташкилот ва ҷалби мутахассиси соҳибтаҷриба дар Маркази эҷодии кӯдакону наврасон оид ба тарзи истифодаи таҷҳизот ва гузаронидани дарсҳои замонавӣ бо омӯзгорон табодули таҷриба сурат хоҳад гирифт.
Зимни суханронӣ сардори дафтари миллии раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезагон (UNHCR) Иван Салеев изҳор дошт, ки иқдомҳои мазкур хотимаи кор набуда, чунин ташаббусҳои нек дар оянда низ ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ идома пайдо хоҳад кард.
 
Нӯшервон ЁҒИБЕКЗОДА,
«Насими айём»
 

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ
Имрӯз, 20-уми феврал ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти қудратӣ, мудирони бахшу шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия ширкат варзиданд.
Чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ шуруъ шуд. Раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода зимни сухани шодбошӣ ҳозиринро бахшида ба 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Гуфта шуд, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик аз қадимулайём соҳибдавлату соҳибартиш будааст ва тибқи санадҳои таърихӣ аҷдоди мо бори аввал ҳанӯз дар даврони давлатдории Ҳахоманишиён артиши касбӣ ташкил намуда буданд.
Артиши миллӣ ҳомӣ ва ҳифозатгари асосии Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии сарзамини муқаддаси кишвар дониста мешавад. Артиши миллӣ дар таърихи навини давлатдорӣ яке аз рукнҳои муҳимтарин ва сипари боэътимоди кишвар ба ҳисоб рафта, дар пойдории оромии сиёсӣ, сулҳу субот ва ҳифзи марзу буми Ватани маҳбубамон нақши арзанда дорад.
Набояд фаромӯш кард, ки Артиши миллии мо аз замони таъсис то ба имрӯз масири душвори ташаккулро паси сар намудааст. Таърих гувоҳ аст, ки пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ бо сабаби аланга гирифтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ кишвари мо аз мероси ҳарбии давлати Шуравӣ пурра бенасиб монд. Вале новобаста ба ин, Тоҷикистони ҷавону навтаъсис тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ аз ҳисоби ҷавонони бонангу номуси миллат Артиши миллиро аз сифр таъсис диҳад.
Дар идомаи суханронӣ раиси ноҳия оид ба масъалаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ изҳори назар намуда, таъкид дошт, ки хизмати ҳарбӣ вазифаи ҳар як ҷавони бонангу номус буда, ҳамчун қарзи виҷдонӣ ва имонӣ мебошад. Дар воқеъ мо бо далериву ҷасурӣ матонату заковати худ метавонем кишварамонро ба давлати тараққикарда табдил диҳем. Мо вазифадорем, ки мафҳуми бузурги Модар-Ватанро дар тафаккури насли наврас бо тамоми маънӣ парвариш диҳем, дар замири онҳо меҳанпарастӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллиро ташаккул бахшем.
Дар идомаи чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ як қатор фаъолони ноҳия ва афсарони сохторҳои қудратӣ барои хизматҳои шоиста бо медали ҷашнии "25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" мукофотонида шуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби сарояндагони маъруфи ансамбли номдори эстрадии “Гулшан” суруду таронаҳои ҷаззоб ва фораму дилнишин дар мавзуъҳои Артиши миллӣ, ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ пешкаш гардонида шуд.
Возможно, это изображение 1 человек, помост и текстВозможно, это изображение 4 человекаВозможно, это изображение текст «МУДОФИАЙ ФИАИ ИАИ Мудо; УДО ЧуМХУРИЙ ម្ងរក ии M АТИ ЗОРАТИ и A30 R0 23 ФЕВРАл РУЗИ ТАЪСИСёБии АРТИШИ миллии ЧУМХУРИИ точикистон»Возможно, это изображение один или несколько человек и текст
Возможно, это изображение 3 человека и текст «A 4yΝ 23- 23 6ИИ MNI Roland H»Возможно, это изображение 3 человека, помост и текст «ФЕВРАЛ УЗИ УзИТАЪСИСЁБ ТАЪсИСЁ РТИШИ милл УРИИ точики 5 10リ2»Возможно, это изображение 5 человек, скрипка и текстВозможно, это изображение 5 человек и текст
 

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд.

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии ноҳия:

1. Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3636 сомонӣ;

2. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ -2315,46 сомонӣ;

3. Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1220,1 сомонӣ;

4. Сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1812,72 сомонӣ;

5. Сармутахассиси шуъбаи сохтмон ва меъмории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1812,72 сомонӣ;

6. Котиби мақомоти васояту, парастории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1812,72 сомонӣ;

7. Мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1487,36 сомонӣ;

8. Мутахассиси пешбари шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1487,36 сомонӣ;

9. Мутахассиси шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1220,1 сомонӣ;

10. Муовини сардори раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2972,55 сомонӣ;

11. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и раёсати кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1812,72 сомонӣ;

12. Сармутахассис (сарзоотехник)-и раёсати кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1812,72 сомонӣ;

13. Сармутахассис (саргидроотехник)-и раёсати кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1812,72 сомонӣ;

14. Мутахассиси кадри раёсати кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1220,1 сомонӣ;

15. Сармутахассиси раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1812,72 сомонӣ;

16. Сармутахассиси раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1812,72 сомонӣ;

17. Мутахассиси пешбари раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1487,36 сомонӣ;

18. Мутахассиси пешбари раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1487,36 сомонӣ;

19. Мутахассиси пешбари раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1487,36 сомонӣ.

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия:

1. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати шаҳраки Сомониён - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

2. Сармутахассис оид ба масъалаҳои омори Ҷамоати шаҳраки Сомониён - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

3. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои андози Ҷамоати шаҳраки Сомониён - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1417,64 сомонӣ;

4. Мутахассис оид ба масълаҳои ҳуқуқ, кор бо кадр ва бойгонии Ҷамоати шаҳраки Сомониён - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1220,1 сомонӣ;

5. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати шаҳраки Навобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

6. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати шаҳраки Навобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

7. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати шаҳраки М.Турсунзода - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

8. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати шаҳраки М. Турсунзода - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

9. Сармутахассис оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати шаҳраки М.Турсунзода - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

10. Сармутахассис оид ба масъалаҳои омори Ҷамоати шаҳраки М.Турсунзода - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

11. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

12. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Лоҳур - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

13. Сармутахассис оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Лоҳур - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

14. Сармутахассис оид ба масъалаҳои омори Ҷамоати деҳоти Лоҳур - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

15. Мутахассис оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, кор бо кадр ва бойгонии Ҷамоати деҳоти Лоҳур - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1162 сомонӣ;

Шобудинова Рухшона. Насими Айём, [27.02.2025 14:18]
16. Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Гулистон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

17. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Гулистон - 1 ҷой маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

18. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Гулистон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1417,64 сомонӣ;

19. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Гулистон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1417,64 сомонӣ;

20. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

21. Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

22. Сармутахассиси дин, танзими ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

23. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1417,64 сомонӣ;

24. Мутахассис оид ба масъалаҳои андоз ва хазинадории Ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1162 сомонӣ;

25. Мутахассис оид ба масъалаҳои андоз ва бойгонии Ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1162 сомонӣ;

26. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Чоряккорон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

27. Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Чоряккорон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

28. Мутахассис оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Чоряккорон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1162 сомонӣ;

29. Мутахассис оид ба масъалаҳои андоз ва хазинадории Ҷамоати деҳоти Чоряккорон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1162 сомонӣ;

30. Мутахассис оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Чоряккорон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1162 сомонӣ;

31. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Чортеппа - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

32. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Чортеппа -1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

33. Сармутахассис оид ба масъалаҳои омори Ҷамоати деҳоти Чортеппа - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

34. Сармутахассиси дин, танзими ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Чортеппа - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

35. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, кор бо кадр ва бойгонии Ҷамоати деҳоти Чортеппа – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1417,64 сомонӣ;

36. Мутахассис оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Чортеппа - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1162 сомонӣ;

37. Мутахассис оид ба масъалаҳои хазинадории Ҷамоати деҳоти Чортеппа - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1162 сомонӣ;

38. Сармутаххассис оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Эсанбой - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1417,64 сомонӣ;

39. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои омори Ҷамоати деҳоти Эсанбой - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1417,64 сомонӣ;

40. Мутахассис оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, кор бо кадр ва бойгонии Ҷамоати деҳоти Эсанбой - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1162 сомонӣ;

41. Сармутахассис (муҳандис - заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Султонобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

42. Сармутахассиси дин, танзими ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Султонобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

43. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои омори Ҷамоати деҳоти Султонобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1417,64 сомонӣ;

44. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои андози Ҷамоати деҳоти Султонобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1417,64 сомонӣ;

45. Мутахассис оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, кор бо кадр ва бойгонии Ҷамоати деҳоти Султонобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1162 сомонӣ;

46. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

47. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

48. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, кор бо кадр ва бойгонии Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1417,64 сомонӣ;

49. Мутахассис оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1162 сомонӣ;

50. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Қиблаӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

51. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Қиблаӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

Шобудинова Рухшона. Насими Айём, [27.02.2025 14:18]
52. Мутахассис оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, кор бо кадр ва бойгонии Ҷамоати деҳоти Қиблаӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1162 сомонӣ;

53. Мутахассис оид ба масъалаҳои андоз ва хазинадории Ҷамоати деҳоти Қиблаӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1162 сомонӣ;

54. Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Зайнабобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

55. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Зайнабобод- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ;

56. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Зайнабобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1731,38 сомонӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 3х4);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли №038);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи дафтарчаи ҳизбӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
- маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
- нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ (барои шахсоне, ки оиладор шудаанд).
- син (суғуртаи иҷтимоии нафақа);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мудири бахш:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассис ва мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- малакаи кор бо компютер.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: ноҳияи Рӯдакӣ, кӯчаи И.Сомонӣ-16, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ.

Телефон: (8-3137) 21-4-01, 2-25-35,

Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.