- Диданд: 124
Баромади муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Бобошоҳзода Муҳаммадшариф Сангинмурод оид ба муҳтавои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар доштанд
Санаи 12 марти соли 2024 дар маҷлиси назоратии назди раиси ноҳияи Рӯдакӣ муовини раиси ноҳия Бобошоҳзода Муҳаммадшариф Сангинмурод оид ба мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баргузор гардида, баромад намуданд.
Муовини раиси ноҳия қайд намуданд, ки 9 марти соли ҷорӣ дар Кохи Ваҳдат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дини кишвар мулоқот баргузор гардид, ки дар он аз ноҳия муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ оид ба идеология, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва 14 нафар имом - хатибони масҷидони ҷомеъи ноҳия иштирок доштанд. Нахуст, Сарвари давлат кули мардуми мамлакатро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезкориву эҳсонкорӣ, хайру садоқат, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин самимона табрик гуфта, дар бораи фазилатҳои пурарзиши ин моҳ андешаронӣ намуданд ва барои рафъи камбудиҳои дар ин соҳа ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ҷараёни мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи мамлакат риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд. Дар рафти мулоқот Сарвари давлат нисбати ба сафарҳои бисёркаратаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки танҳо як дафъа анҷом додани ҳаҷ бар муъминон фарз аст ва Паёмбари ислом (с) худашон ҳам танҳо як бор ҳаҷ намудаанд. Аз ин хотир, пешниҳод карда шуд, ки шахсоне, ки маротибаи дуюм ва сеюм ба ҳаҷ рафтан мехоҳанд, метавонанд аз рӯи аҳкому фармудаҳои шариат амал карда маблаѓи хароҷоти онро барои зиндагии шоистаи хонаводаи худ, таҳсили фарзандону наберагон, ободии диёр, бунёди корхонаву мактабҳо, роҳу пулҳо, инчунин, барои кумаку дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону беморон ва оилаҳои камбизоат сарф намуда, аҷру савоби беандоза ба даст оранд.
Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳли ҷомеаи мамлакат даъват намуданд, ки бо риояи анъанаҳои накуи аҷдодӣ ба масъалаи анҷоми тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ, иҷрои корҳои хайру савоб, дар арафаи идҳо дароз кардани дасти хайр ба эҳтиёҷмандон, ятимону камбизоатон, ѓамхорӣ нисбат ба падару модар ва хоҳару бародарони хеш, таваҷҷуҳи махсус диҳанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо бояд дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бабаҳоро қадр намуда, шукронаи онро ба ҷо орем.
Хамаи дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ гирифта шуда, мақсад аз он ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ мебошад.
Дар анҷоми баромадашон қайд намуданд, ки пеш аз ҳама мо хизматчиёни давлатӣ дастуру супоришҳои Ҷаноби Олиро сармашқи корӣ худ намуда, ташвиқоту тарғиботро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия пурзур намуда, мардумро аз гумроҳи ва гаравиши ҷавонон ба ҳаракату ҳизбҳои террористиву экстремисти пешгири намоем, инчунин моро зарур аст, ки дар моҳи шарифи Рамазон ба исрофкорию зиёдарави роҳ надиҳем.
- Диданд: 92
Вохурии
муштараки сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”
Санаи 6 марти соли 2024 вохурии сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар маҳаллаҳои Истиқлол–1, Истиқлол-2, Истиқлол-3, Истиқлол-4 ва Истиқлол-5-и ҷамоати шаҳраки М.Турсунзода бо иштироки раиси ҷамоати шаҳраки М.Турсунзода Алиев Аъзам, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати агентии меҳнат ва шуѓли аҳолии ноҳия Шарапова Ш., сармутахасисси бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Нуров П., корманди шуъбаи амнияти ноҳия Азизода Илҳом ва муовини комиссариати ҳарбии ноҳия Муминзода Ҳасан оид ба амалисозӣ ва тавзеҳоти нуқтаҳои асосӣ аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба дарки мардум расонидани моҳияти терроризму экстремизм, бахусус хусусияти динидошта, амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», моҳияти терроризму экстремизм, зарурияти ҳифзи Ватан бо назардошти хатарҳои мавҷуда ва ба шуѓли пурмаҳсул фаро гирифтани аҳолӣ дар заминаи имконият ва имтиёзҳо барои рушди корҳои хонагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханрони намуданд.
Дар рафти вохури аз ҷониби намояндагон ба саволҳои додашудаи сокинон посухҳои мушаххас дода шуд.
- Диданд: 100
Вохурии
муштараки сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бахшида
ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”
Санаи 04 марти соли 2024 вохурии сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуќуќӣ» дар кӯчаҳои К.Маркс, Қ.Сардоров, Чоргултеппа, Роҳи нав, Низомии шаҳраки Сомониён бо иштироки муовини раиси ноҳия Бобошоҳзода М.С., раиси ҷамоати шаҳраки Сомониён Баротзода Х., иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия Шарапова Ш., сармутахасисси бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳия Нуров П. бо бо сокинони шаҳраки Сомониён оид ба амалисозӣ ва тавзеҳоти нуқтаҳои асосӣ аз Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 28.12.2023 ироа гардида, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соли маърифати ҳуќуќӣ эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, амалисозии «Стратегияи муќовимат ба экстримизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Стратегияи давлатии муќовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳодисаҳои худкушӣ ва суиќасд ба ҷони хеш дар давраи соли 2023 ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ гузаронида шуд.
Саҳифаи 12 аз 69