- Диданд: 138
31 майи соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Риояи Кодекси одоби хизматчиии давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия, раисон ва сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид.
Дар семинар-машварати омӯзишӣ муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ ва сармутахассиси шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, намояндаи Академияи идоракунии давлатӣ иштирок ба баромад намуданд.
- Диданд: 158
Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 3 феврали соли 2022, №АП-154, дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, сурудҳои тараннумгари шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон санаи 23 июни майи 2022 дар қасри фарҳанги ба номи Кароматуллоҳ Қурбон даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” аз рӯи се номинатсия: композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ баргузор гардид.
Дар он 192 довталабон ширкат варзиданд. Аз миёни онҳо Қобилов Назриддин, Лутфуллоев Зубайдулло, Оҷилдизода Айёмиддин, Исломова Мунаввара ва дигарон холҳои баландро соҳиб гашта, ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд.
Дар охири озмун муовини раиси ноҳия Бобошоҳзода Муҳаммадшариф иштирок варзида, ба ғолибон диплому мукофотҳоро ҳадя намуда, ба онҳо дар даврҳои минбаъда мувафақиятҳо орзу намуд.
- Диданд: 212