29 марти соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ таҳти раёсати раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, даъвати шашум баргузоргардид.

Пас аз интихоби котибот вакилон рӯзномаи Иҷлосияи навбатиро бо шаш масъала тасдиқ намуданд.

 

Тибқимасъалаи якуми рӯзнома вобаста ба ҷараёни татбиқи дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ вахориҷии ҷумҳурӣ" бармеоянд, ахбороти муовини раисиноҳия Муҳаммадшариф Бобошоҳзода шунида шуд. Бахусус, оид ба Нақшаи-чорабиниҳои тасдиқшуда дар ин самт, амалисозии бандҳои дахлдори он, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, саноату сохтмон, маорифу фарҳанг, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳалли як зумра мушкилоти мавҷудаи маҳаллӣ диққати махсус равона карда шуд.

Дар музокироти масъалаи мазкур вакили халқӣ Адабҷон Ҳасанзода оид ба корҳои анҷомдодашуда дар самти ба роҳ мондани пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ дар ноҳия изҳори назар намуда, ҳамзамон, аз ҷониби номбурда таклиф гардид, ки дар баробари ташкилоту муассисаҳои давлатӣ дигарташкилотҳои ғайридавлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ низ бояд ба низоми пардохти ғайринақдӣ гузаронида шаванд.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист доир ба фаъолияти Комиссия дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби раиси Комиссияи мазкур, вакили халқӣ Аҳлиддин Шарифзода ба маълумоти вакилон расонида шуд. Дар музокироти масъалаи мазкур сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Бахтиёр Халилов баромад намуда, камбудиҳои ҷойдоштаро дар фаъолияти баъзе ташкилоту хоҷагиҳои соҳаи кишоварзӣ масъалагузорӣ намуд. Зимнан, роҳбарони сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва хоҷагиҳо ҷиҳати таъмини иҷрои дурнамои кишт, баланд бардоштани маданияти истифодабарии замин, гирифтани на кам аз 2-3 ҳосил, вусъати корҳои обёрию кабудизоркунӣ ва ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта аз тарафи раиси ноҳия вазифадор карда шуданд.

Дар идомаи кори Иҷлосия вакилони халқи ноҳия масъалаи номгузории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67 деҳоти Чоряккоронро ба номи собиқадори соҳаи маориф, доктори илмҳои филологӣ, профессор, марҳум Ҳомид Маҷидов мавриди муҳокима қарор доданд.

Доир ба масъалаи чоруми рӯзнома вакилон бо қабули қарори дахлдор ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ аз 30 июни соли 2023, №168 тағйирот ворид намуданд, ки мувофиқи он минбаъд ба шахсониҳуқуқӣ, ки дорои иҷозатномаи махсус мебошанд, барои сохтмони биноҳои баландошёна дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ на зиёда аз 3 бино (блок) иҷозат дода мешавад.

Тибқи масъалаҳои дигари рӯзномаи Иҷлосияи навбатӣ масоили тағйироти кадрӣ ва тасдиқи як қатор қарорҳои раиси ноҳия, ки дар байни Иҷлосияҳои бистум ва бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қабул гардидаанд, мавриди баррасии вакилон қарор дода шуд.

Дар маҷмуъ, аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои барраси шуда дар Иҷлосияи навбатӣ аз ҷониби вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ 8 қарор қабул гардид.

 

Воҳидҳои сохтории мақомоти иљроияи

ҳокимияти давлатии ноҳия

  1. Сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ, назорат ва мурољиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ-1294,80 сомонӣ.
  2. Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Рӯдакӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ-871,50
  3. Мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ-1062,40 сомонӣ.

4.Мутахассиси пешбари бахши бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ-1062,40 сомонӣ. 5.Мутахассиси пешбари бахши бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ-1062,40 сомонӣ.

6.Мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ- 871,50 сомонӣ.

7.Муовини сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Рўдакӣ -1 љой, маоши мансабӣ – 2123,25 сомонӣ

  1. Сармутахассис (Сарзоотехник)-и Раёсати кишоварзии ноҳияи Рўдакӣ

1- љой, маоши мансабӣ 1294,80  сомонӣ.

  1. Сармутахассис (Саргидротехник)-и Раёсати кишоварзии ноҳияи Рўдакӣ

1- љой, маоши мансабӣ 1294,80  сомонӣ.

  1. Сармутахассис (Сармуҳосиб)-и Раёсати кишоварзии ноҳияи Рўдакӣ

1- љой, маоши мансабӣ 1294,80  сомонӣ.

11.Мутахассиси пешбари Раёсати кишоварзии ноҳияи Рўдакӣ- 1 љой,

 маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ.

12.Сармутахассиси Раёсати Маорифи ноҳияи Рўдакӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 1294,80  сомонӣ.

13.Сармутахассиси Раёсати Маорифи ноҳияи Рўдакӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 1294,80  сомонӣ.

14.Мутахассиси пешбари Раёсати Маорифи ноҳияи Рўдакӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 1062,40  сомонӣ.

15.Мутахассиси пешбари Раёсати Маорифи ноҳияи Рўдакӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 1062,40  сомонӣ.

          

 

                      Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия

 

1.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Љамоати шаҳраки Сомониён - 1 љой, маоши  мансабӣ  1236,70  сомонӣ.

2.Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои андоз;

 

3.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Љамоати шаҳраки Навобод  - 1 љой, маоши мансабӣ  1236,70  сомонӣ.

4.Сармутахассис дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Љамоати шаҳраки Навобод - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.

5.Нозири мизи ҳарбии Љамоати шаҳраки Навобод - 1 љой, маоши мансабӣ 1012,60 сомонӣ.

6.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Љамоати шаҳраки М.Турсунзода  - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70  сомонӣ.

  1. Сармутахассис оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи

Љамоати шаҳраки М.Турсунзода  - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70  сомонӣ.

8.Сармутахассис оид ба масъалаҳои омори Љамоати шаҳраки М.Турсунзода  - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70  сомонӣ.

9.Мутахассис оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, кор бо кадр ва бойгонии Љамоати  шаҳраки М.Турсунзода  - 1 љой, маоши мансабӣ 830 сомонӣ.

10.Сармутахассис (сармуҳосиб) Љамоати деҳоти Чоргултеппа - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.

11.Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иљтимоӣ ва робита бо

ҷомеъаи Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа - 1ҷой, маоши мансабӣ 1012,60

12.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Љамоати деҳоти Лоҳур - 1 љой, маоши мансабӣ  1236,70 сомонӣ.

13.Сармутахассис оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи

Љамоати деҳоти Лоҳур  - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70  сомонӣ.

  1. Сармутахассис (сармуҳосиб) Љамоати деҳоти Чоргултеппа - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.

15.Мутахассис оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, кор бо кадр ва бойгонии Љамоати  деҳоти Лоҳур  - 1 љой, маоши мансабӣ 830 сомонӣ.

16.Сармутахассис (сармуҳосиб) Љамоати деҳоти Гулистон - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.

17.Сармутахассиси оид ба корҳои омори Љамоати деҳоти Гулистон                 - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.

18.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Гулистон- 1ҷой маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ 

19.Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иљтимоӣ ва робита бо љомеаи Љамоати деҳоти Гулистон - 1 љой, маоши мансабӣ 1012,60    сомонӣ.

20.Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Љамоати деҳоти Гулистон - 1 љой, маоши мансабӣ 1012,60    сомонӣ.

21.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Љамоати деҳоти Сарикиштӣ - 1 љой, маоши мансабӣ   1236,70  сомонӣ.

22.Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Љамоати деҳоти Сарикиштӣ -1 љой, маоши мансабӣ  1236,70  сомонӣ.

23.Сармутахассиси  оид ба корҳои омори Љамоати деҳоти Сарикиштӣ - 1 љой, маоши мансабӣ    1236,70   сомонӣ.

  1. Нозири мизи ҳарби Љамоати деҳоти Сарикиштӣ - 1 љой, маоши мансабӣ 1012,60 сомонӣ.

25.Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Љамоати деҳоти Сарикиштӣ -  1 љой, маоши мансабӣ  1012,60  сомонӣ.

  1. Мутахассис оид ба масъалаҳои андози Љамоати деҳоти Сарикиштӣ - 1 љой, маоши мансабӣ 830 сомонӣ.
  2. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Љамоати деҳоти Чоряккорон - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.

28.Сармутахассис дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Љамоати шаҳраки Навобод - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.

29.Сармутахассиси  оид ба корҳои омори Љамоати деҳоти Чоряккорон - 1 љой, маоши мансабӣ  1236,70   сомонӣ.

30.Мутахассис оид ба масъалаҳои рушди иљтимоӣ ва робита бо љомеаи Љамоати деҳоти Чоряккорон - 1 љой, маоши мансабӣ 830 сомонӣ.

  1. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Љамоати деҳоти Чортеппа - 1 љой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.

32.Нозири мизи ҳарбии Љамоати деҳоти Чортеппа-1 љой, маоши мансабӣ    1012,60 сомонӣ.

  1. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, кор бо кадр ва бойгонии Љамоати деҳоти Чортеппа - 1 љой, маоши мансабӣ 1012,60 сомонӣ.
  2. Мутахассис оид ба масъалаҳои кишоварзии Љамоати деҳоти Чортеппа - 1 љой, маоши мансабӣ 830 сомонӣ.

35.Сармутаххассис оид ба масъалаҳои рушди иљтимоӣ ва робита бо љомеъаи љамоати деҳоти Эсанбой - 1 љой, маоши мансабӣ  1236,70  сомонӣ.

36.Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои омори Љамоати деҳоти Эсанбой - 1 љой, маоши мансабӣ  1012,60  сомонӣ.

37.Мутахассис оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, кор бо кадр ва бойгонии Љамоати деҳоти Эсанбой -1 љой, маоши мансабӣ  830  сомонӣ.

38.Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Љамоати деҳоти Султонобод -1 љой, маоши мансабӣ 1236,70   сомонӣ.

  1. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои омори Љамоати деҳоти Султонобод - 1 љой, маоши мансабӣ 1012,60 сомонӣ.

40.Мутахассис оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, кор бо кадр ва бойгонии Љамоати деҳоти Султонобод - 1 љой, маоши мансабӣ 830 сомонӣ.

41.Сармутахассис оид ба корҳои омори Љамоати деҳоти Роҳатӣ - 1 љой, маоши мансабӣ  1236,70  сомонӣ.

42.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Љамоати деҳоти Роҳатӣ - 1 љой, маоши мансабӣ  1236,70  сомонӣ.

43.Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Љамоати деҳоти Роҳатӣ -1 љой, маоши мансабӣ 1236,70   сомонӣ.

44.Мутахассис оид ба масъалаҳои андоз ва хазинадории Љамоати деҳоти Роҳатӣ -1 љой, маоши мансабӣ 830 сомонӣ.

45.Мутахассис оид ба масъалаҳои кишоварзии Љамоати деҳоти Роҳатӣ -1 љой, маоши мансабӣ 830 сомонӣ.

46.Сармутахассис оид ба корҳои омори Љамоати деҳоти Қиблаӣ - 1 љой, маоши мансабӣ  1236,70  сомонӣ.

47.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Љамоати деҳоти Қиблаӣ -1љой, маоши мансабӣ  1236,70  сомонӣ.

48.Мутахассис оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, кор бо кадр ва бойгонии Ҷамоати деҳоти Қиблаӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 830 сомонӣ.

49.Мутахассис оид ба масъалаҳои андоз ва хазинадории Љамоати деҳоти Қиблаӣ -1 љой, маоши мансабӣ 830 сомонӣ.

50.Сармутахассис оид ба корҳои омори Љамоати деҳоти Зайнабобод - 1 љой, маоши мансабӣ  1236,70  сомонӣ.

51.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Љамоати деҳоти Зайнабобод- 1 љой, маоши мансабӣ  1236,70  сомонӣ.

52.Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Љамоати деҳоти Зайнабобод -1 љой, маоши мансабӣ 1236,70   сомонӣ.

  1. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Љамоати деҳоти Зайнабобод -1 љой, маоши мансабӣ 1012,60 сомонӣ.
  2. Мутахассис оид ба масъалаҳои андоз ва бойгонии Љамоати деҳоти Зайнабобод -1 љой, маоши мансабӣ 830 сомонӣ.

Барои иштирок дар озмун  
ҳуљљатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 3х4);

- тарљумаи ҳол;

- нусхаи ҳуљљатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ   

  надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №038;

- нусхаи  гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;                                                                                                   

-маълумотнома оид надоштани доғи судӣ;

-маълумотнома аз љои истиқомат;

-син (суғуртаи иљтимои нафақа);

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

        

 

 

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат

 

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иљрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи  сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли љомеа, аз љумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мудири бахш

 

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иљрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли љомеа, аз љумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассис

 

        - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ,  ки иљрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

       - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

       - малакаи хуби муошират бо аҳли љомеа, аз љумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

       -  малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иљрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-  малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассис

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иљрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-  малакаи кор бо компютер.

 

Суроғаи қабули ҳуљљатҳо

Ноҳияи Рўдакӣ, кўчаи И.Сомонӣ 16, Мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рўдакӣ, телефон: (8-3137) 21-4-01, 2-25-35, Email: hukumat-rudaki@mail.ru

info@nrudaki.tj

 

Қабули ҳуљљатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.

ҶАШНИ НАВРӮЗИ АҶДОДӢ

     26-уми март дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.

     Субҳи барвақти рӯз занону бонувони фаъол дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия маросими суманакпазӣ гузаронида, бо афрӯхтани оташ ва иҷрои суруду таронаҳои халқӣ шодиву нишот намуданд.

     Дар давоми рӯз дар назди муҷассамаи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии тантанавӣ идома ёфт. Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Давлатзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, собиқ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Рустам Акрамзода ва собиқадорону фаъолони ноҳия ширкат варзиданд.  

         

 

     Дар оғози чорабинӣ роҳбарияти ноҳия ва меҳмонон намоишгоҳи оростаи ҳунармандону кадбонуҳои ноҳияро, ки аз маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, хони идонаи наврӯзӣ ва маҳсулоти нонӣ иборат буданд, тамошо намуда, ба ташкилкунандагон баҳои баланд доданд.

     Дар идомаи чорабинӣ паёми табрикии раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шунида шуд. Қайд гардид, ки Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз “рӯзи нав” маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад.

     Зикр шуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид гардида, дар Созмони Милали Муттаҳид онро ҷашни ҷаҳонӣ эътироф карданд. Ин барои мардуми тамаддунофару куҳанбунёди тоҷик ифтихори бузург ва боиси сарбаландиву сарфарозии ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.

     Таъкид гардид, ки гузаштагони мо дар рӯзҳои наврӯзӣ бо нияти нек таҳкурсии ободиҳои гуногунро мегузоштанд, майдонҳои киштро васеъ мекарданд ва барои осудагиву фаровонии ҳар як хонадон замина муҳайё месохтанд. Аз ин рӯ, мо низ ҳамчун наслҳои сазовори ниёгон бояд анъанаҳои неки аҷдодонамонро давом диҳем, то ки ояндагон аз мо ибрат гиранду меросҳои фарҳангӣ насл ба насл идома дода шаванд.

     Сипас, муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Давлатзода суханронӣ карда, тамоми ҳозирин ва мардуми шарифи ноҳияро ба муносибати Наврӯзи хуҷастапай табрик намуд ва ба онҳо рӯзгори орому осуда ва ба кишвари азизамон - Тоҷикистон осмони софу беғубор ва фазои сулҳу суботи абадӣ орзу кард.

     Дар бахши тантанавии чорабинӣ ҳунармандон ва сарояндагони маъруфи кишвар бо пешниҳоди барномаи рангини театркунонидашуда, суруду тарона ва рақсу оҳангҳои ҷолибу ҷаззоб хотири иштирокчиёнро шод намуданд.

     Ҳамзамон, дар ин рӯзи фархунда ба 6 ҷуфт навхонадорон аз ҷониби раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода шаҳодатномаи ақди никоҳ тақдим гардид.