Ҳар сол фасли баҳор дар натиҷаи боришоти аз меъёр зиёди борон дар минтақаҳои осебпазир офатҳои табиӣ ба амал меояд. Селу обхезиҳои шадид ҳамасола ба иқтисодиёти кишвар ва хоҷагии халқ хисороти ҷиддӣ ворид месозад.
 
Бо мақсади пешгирии офатҳои табиӣ ва аз миён бурдани хавфу хатари он ба хоҷагии халқ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар минтақаҳои осебпазир корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тозакунии соҳилу селроҳаҳо аз сангу шағал идома дорад.
 
Нет описания фото.
 
Чунин иқдоми пешгирикунандаи офати табиӣ тули як моҳ аст, ки дар соҳилҳои дарёи Элок - дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Зайнабобод ҷараён дорад. Бо ҷалби шахсони масъул ва техникаҳои зарурӣ соҳилҳои дарёи Элок бо монеаҳои табиӣ мустаҳкам гардонида шуда, селроҳаҳои мавҷуда аз сангу шағал ва партовҳо тоза шуда истодаанд.
 
Бояд қайд намуд, ки бо сабаби солҳои дароз коркард нагардидани минтақаҳои мазкур ҳамасола хавфу хатари селу обхезӣ ба мардум зиёд мегардид. Дар ин натиҷа солҳои 2014 ва 2016 селу обхезиҳои шадид ба сокинони деҳоти Зайнабобод ва шаҳраки М.Турсунзода хисороти ҷиддӣ ворид карда буд.
 
Возможно, это изображение 1 человек 
 
 Нет описания фото.   
 
  Возможно, это изображение 4 человека