ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ
Имрӯз, 20-уми феврал ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти қудратӣ, мудирони бахшу шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия ширкат варзиданд.
Чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ шуруъ шуд. Раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода зимни сухани шодбошӣ ҳозиринро бахшида ба 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Гуфта шуд, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик аз қадимулайём соҳибдавлату соҳибартиш будааст ва тибқи санадҳои таърихӣ аҷдоди мо бори аввал ҳанӯз дар даврони давлатдории Ҳахоманишиён артиши касбӣ ташкил намуда буданд.
Артиши миллӣ ҳомӣ ва ҳифозатгари асосии Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии сарзамини муқаддаси кишвар дониста мешавад. Артиши миллӣ дар таърихи навини давлатдорӣ яке аз рукнҳои муҳимтарин ва сипари боэътимоди кишвар ба ҳисоб рафта, дар пойдории оромии сиёсӣ, сулҳу субот ва ҳифзи марзу буми Ватани маҳбубамон нақши арзанда дорад.
Набояд фаромӯш кард, ки Артиши миллии мо аз замони таъсис то ба имрӯз масири душвори ташаккулро паси сар намудааст. Таърих гувоҳ аст, ки пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ бо сабаби аланга гирифтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ кишвари мо аз мероси ҳарбии давлати Шуравӣ пурра бенасиб монд. Вале новобаста ба ин, Тоҷикистони ҷавону навтаъсис тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ аз ҳисоби ҷавонони бонангу номуси миллат Артиши миллиро аз сифр таъсис диҳад.
Дар идомаи суханронӣ раиси ноҳия оид ба масъалаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ изҳори назар намуда, таъкид дошт, ки хизмати ҳарбӣ вазифаи ҳар як ҷавони бонангу номус буда, ҳамчун қарзи виҷдонӣ ва имонӣ мебошад. Дар воқеъ мо бо далериву ҷасурӣ матонату заковати худ метавонем кишварамонро ба давлати тараққикарда табдил диҳем. Мо вазифадорем, ки мафҳуми бузурги Модар-Ватанро дар тафаккури насли наврас бо тамоми маънӣ парвариш диҳем, дар замири онҳо меҳанпарастӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллиро ташаккул бахшем.
Дар идомаи чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ як қатор фаъолони ноҳия ва афсарони сохторҳои қудратӣ барои хизматҳои шоиста бо медали ҷашнии "25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" мукофотонида шуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби сарояндагони маъруфи ансамбли номдори эстрадии “Гулшан” суруду таронаҳои ҷаззоб ва фораму дилнишин дар мавзуъҳои Артиши миллӣ, ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ пешкаш гардонида шуд.







