- Диданд: 663
Бахшида ба Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар доираи нақша-чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ санаи 19 март дар маркази ноҳия марафонӣ велосипедронӣ баргузор гардида, ғолибон бо Ҷом, диплом ва медалҳо қадрдонӣ гардиданд.
- Диданд: 691
Дар асоси нақша чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ санаи 21.02.2022 дар қисми низомии 15018 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон даври финалии мусобиқаи ҳарбии варзишии "Ҳомии Ватан" баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳия М.Бобошоҳзода директори коллеҷи техникию омӯзгорӣ Г. Ҳусейнзода ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия А.Сатторӣ иштирок намуда ҳамаи сарбозон ва дар симои онҳо кулли сарбозони ҷумҳуриро бо 29-умин солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд. Дар мусобиқаи мазкур 12 даста байни ҳам аз намудҳои бандкашӣ, давидан ба масофаи 100 метр, тирпаронӣ, турниккашӣ, вазнбардорӣ ва аз ҷой ҷаҳидан қувваозмоӣ намуданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа МТМУ №5 сазовори ҷойи 1-ум, МТМУ №45 ҷойи 2-юм ва МТМУ № 36 сазовори ҷойи 3-юм гардида бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдони гардиданд.
- Диданд: 652
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ, Барномаи давлатии тарбияи ватандустӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ва варзиш», «Барномаи рушди футбол»-ро таҳия намуда, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия марҳила ба марҳила амалӣ намуд.
Дар 9 моҳаи соли 2021 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», 86-то Фармоишҳои Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 14-то қарорҳои Раиси ноҳия ва 19-то фармоишҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба тавсиб расидааст.
Инчунин дар ин давра ба Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия 23-то мактубҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 131-то мактубҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 12-то мактубҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ворид гардида мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Ҷамъ ба Бахш 166-то мактуб ворид шуда, ба ҳаммаи мактубҳои ворид гардида ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд.
Ба имрӯз шумораи умумии ҷавонони дар ноҳия 133 ҳазору 760 нафар буда, аз ин 65 ҳазору 543 нафарашон ҷавондухтарон ташкил медиҳад.
Бо мақсади таҳкими тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла ҷиҳати дастгирии ҷавонони лаёкатманду боистеъдод имрӯз дар ноҳия 91 нафар гарандагони Стипендияхои Президентӣва 40 нафар гирандагони стипендияҳои Раиси ноҳия дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда истодаанд.
Имрӯз дар назди Бахши кор бо ҷавонон ва варзишӣ ноҳия зиёда аз 130 нафар Волонтиёрон ба қайд гирифта шуда дар ҳама чорабиниҳо саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Ҳамасола 24 нафар ҷавонони ноҳия тибқи квотаи Президентӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат дохил шуда таҳсил доранд.
Дар ҳудуди ноҳия 2 мактаби варзиши фаъолият дошта, дарон 37 нафар мураббиён ба зиёда аз 856 нафар наврасону ҷавонон тамрин медиҳанд.
Ба имрӯз дар ноҳия беш аз 515 иншоотҳои варзиши вуҷуд доранд, ки аз он 1 варзишго бо 5000 ҷойи нишаст, 183 майдончаи футбол, 130 майдончаҳои валейбол, 85 майдончаҳои баскедбол, 42-толорҳои варзишии хусуси, 31 майдончаи футболи хурд, 44 толорҳои варзиши дар назди муассисаҳои таълимӣ мебошанд.
Бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллии ноҳия дар ҷамоати шаҳраки Сомониён 3 майдончаи варзишии футболи хурд, шаҳраки М.Турсунзода 1 майдонча, ҷамоати деҳоти Чоргултеппа 1 толори варзиши ва 2 майдончаи футбол, ҷамоати деҳоти Лоҳур 2 майдончаи футбол, дар ҷамоати деҳоти Роҳатӣ 1 толори варзишӣ, 2 майдонча, дар ҷамоати деҳоти Гулистон 1 майдончаи футболи хур, дар ҷамоати деҳоти Чимтеппа 1 маҷмааи варзишӣ, 3 толори варзишӣ, 4 майдони варзишии футболи хурд, дар ҷамоати деҳоти Султонобод 1 толори варзишӣ, 1 майдончаи варзиши, дар ҷамоати деҳоти қиблаӣ 1 толори варзишӣ ва дар ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ 1 майдончаи варзишии футболи хурд сохта ба истифода дода шудааст, ки ин метавонат ҷавонону наврасонро аз ҷинояту падидаҳои номатлуб баргардонад ва онҳо ба варзиш машғул шаванд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021»қарори Раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 26 апрели соли 2019, №1419 «Дар бораи Барномаи маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар ноҳияи Рӯдакӣ барои солҳои 2019-2021» қабул гардида,дар соли ҷорӣ беш аз 207 чорабиниҳои гуногуни сатҳи ноҳиявӣ баргузор гардида, ба он бевосита зиёда аз 155 ҳазору 800 нафар наврасону ҷавонон фаро гирифта шуд, ки ба воситаи онҳо ба ҳамсолонашон таъсири сиёсати давлатии ҷавонон расонида шудааст.
Бахш бо мақсади бо сифат амали намудани Барномаву санадҳои дар боло зикргардида, ҳамкориро бо Раёсати маориф, шуъбаи кор бо занон ва оила, бахшҳои фарҳанг, дин, Комиссариати ҳарбӣ, шуъбаҳои вазорати корҳои дохилии №1,2 ва беморхонаи марказии ноҳия боз ҳам зичтар намуда, дар ноҳия як қатор тадбирҳоро амалӣ намуд.
Тибқи нақша чорабиниҳои Бахши кор. бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкори бо шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва сохторҳои маҳаллӣ аз ҷониби маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» обоз аз моҳи январи соли равон дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Сомониён, М.Турсунзода, ҷамоатҳои деҳоти Султонобод, Чоргултеппа, Лоҳуру ва Зайнабободи ноҳия бо шумораи зиёди ҷавонон ҳашари умуминоҳиявӣ таҳти шиори «Мо ҷавонон ин ватанро сабзу хурам мекунем» бо шинонидани ниҳолҳои ҳамеша сабзу сояафкан ва тоза намудани гирду строфи хонаҳои истиқоматӣ гузаронида шуд.
Санаи 25 январи соли 2021 Шӯрои маҳалли кор бо ҷавонон дар назди Раиси ноҳия бо иштироки Мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, варзишгарон, кормандони мактабҳои варзишӣ, барандагони стипендияи Президентӣ ва Раиси ноҳия ва дигар фаъолҷавонон баргузор гардид.
Дар Шӯрои маҳаллӣ масалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд: андешидани тадбирҳои иловагӣ, ҷиҳати бунёди майдону толорҳои варзишӣ бо ҷалби соҳибкорон ва бо ёрии худи ҷавонон дар минтақаҳо, аз ҷумла маҳаллаву деҳот ва бо ин васила омавигардонии варзиш, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ;
Таъсиси ҷойҳои нави корӣ тавассути бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, марказҳои соҳибкорӣ, таъсиси бизнес инкубаторҳо, паркҳои технологӣ ва дигар корхонаҳои хурду миёна бо мақсади бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон;
Пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ миёни донишҷӯёну ҷавонон, духтарону занон ҷиҳати таблиғи либоси миллӣ ва гирифтани пеши роҳи пӯшиши либосҳои ғайр.
Дастгири намудани ҷавонони имконияташон маҳдуд ва ятимони кул.
Дар анҷом аз ҷониби Раиси ноҳия ба Гирандагони стипендияи Раиси ноҳия сипоснома ва шаҳодатномаҳо, ба варзишгари маъруфи ноҳия Темур Раҳимов 3000 сомонӣ мукофотпулӣ ва ба ғолибони озмуни Ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ” диплом ва туҳфаҳои хотирави супорида шуд.
Санаи 27 январ дар маркази ноҳия иди Садаро бо як шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифтанд, ки аз ҷониби маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гулхани идона афрухта шуд. ҳамзамон худди ҳамон рӯз аксияи идона таҳти шиори «Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз!» дар маркази ноҳия баргузор гардид.
Дар ин давра аз ҷониби маҳфили «Пайравони Пешвои миллат»-и Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ 47 аксияҳо таҳти шиори «Саҳми ман дар шаҳри ман», «Мо ҷавонон ин ватанро сабзу хуррам мекунем», «Саломатии Шумо ифтихори мост», «Биёед китоб мехонем», «Насли ҷавон ҳаёти бе зуровариро интихоб мекунад», «Мо ҷавонон зидди бемориҳои сироятӣ», «ҷавонон зуҳуроти номатлубро маҳкум менамоянд», «Китоб - ганҷи бебаҳо», «Танзим баракати зиндагӣ», «Барои Тоҷикистони озоди соҳибистиқлол хизмат мекунем», «Роҳнамо барои муҳоҷирон», «Дар ҷавони дор пиронро азиз», «Мо ба гузаштагони худ арҷ мегузорем», «Ало салом Модар, ман туро дӯст медорам», «Зиндаги бо ту ширин аст, модарам», «Пешгири аз бемории сироятии КОВИД-19» ва Аксияи «Худро аз ВНМО ҳифз намо» бо шумораи зиёда аз 1200 буклетҳои тарғиботи миёни аҳолии ноҳия гузаронида шуд.
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣвобаста ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Артиши миллии ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иттилоъ медиҳад.
Тибқи нақша чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ ҳамасола оид ба баргузории мулоқоту вохуриҳои ҷавонони синни то даъватии муассисаҳои таълимии ноҳия бо сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Рузҳои дарҳои кушод» дар ҳамкори бо Раёсати маориф ва комисарияти ҳарбӣ бо зиёда аз 2000 нафар ҷавонони сини даъватӣ дар қисмҳои низоми баргузор карда шуд.
Вобаста ба иҷрои бандҳои нақшаи мазкур санаи 8 феврали соли 2021 дар қисми низомии №15018-и Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 550 ҷавонон, санаи 12 феврали соли 2021 дар қисми низомии №06870 бо иштироки 450 нафар ҷавонон, санаи 15 феврали соли 2021 дар қисми низомии №05145 бо иштироки 500 нафар ҷавонон ва санаи 18 феврали соли 2021 дар қисми низомии №07033 бо иштироки 500 нафар ҷавонони синни даъвати бо шинос намудани онҳо аз шарту шароитҳои қисмҳои низомӣ махсусан ҷойи хоби сарбозон, ҳамом, ошхона, ҷойи тамрин ва толорҳои варзишӣ шиносои пайдо намуданд.
Инчунин санаи 19 феврали соли 2021 дар арафаи 28 солагии рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ даври ниҳоии мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ҳомии Ватан» бо иштироки зиёда за 200 нафар ҷавонони то синни даъватӣ дар қисми низомии №15018-и Вазорати мудофияи ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Даври минтақавии мусобиқа дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардида, зиёда аз 86 даста бо фарогирии 860 нафар ҷавонон гузаронида шуд. Ба даври ниҳоии ин мусобиқа 12 даста роҳхат гирифта, байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар мусобиқа ҷавонон ва сарбозон миёни худ аз намудҳои бандкашӣ, вазнбардорӣ, тирпаронӣ, турниккашӣ ва давидан ба масофаи 100 метр қувваозмоӣ намуда, дастаи МТМУ №14-и ноҳия сазовори ҷойи якум, дастаи МТМУ №45 сазовори ҷойи 2-юм ва Гимназияи Тоҷики-русси ба номи А.С.Пушкин сазовори ҷойи 3-юм гардина, бо диплом, ҷом ва туҳфаҳои хотирави қадрдони гардиданд.
Дар охир аз ҷониби санъаткорони Бахши фарҳанги ноҳия чорабинии фарҳангиву фароғати ҷиҳати болидагии сарбозону ҷавонон баргузор карда шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки ғолиби мусобиқаи ҳарби варзишӣ «ҳомии Ватан» дастаи МТМУ №14-и дар чорабинии тантанави бахшида ба28-солагии таъсисёбии қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20 феврали соли 2021 дар қасри фарҳанги ноҳия аз ҷониби Раиси ноҳия бо диплом, ҷом ва туҳфаҳои хотирави қадрдони гардиданд.
Дар арафаи таҷлили ҷашни мазкур дастгири ва ҳавасмандгардонии ихтиёриён, чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Хизмати Ватан шараф аст», ҷалби сарбозону афсарон ба чорабиниҳои ноҳиявӣ, сӯҳбату вохӯриҳо дар зиёда аз 4 қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия бахшида ба 28 солагии таъсисёбии қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Санаи 27 феврали соли равон даври ҷамбастии чорабиниҳои зеҳниву варзишии «Шоҳмот» ва маърифативу намоиши савгандёдкунӣ байни сарбозону афсарон ва ҷавонони сини то даъватӣ дар қисми низомии №15018-и Вазорати мудофияи ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабини байни сарбозону ҷавонони сини давати мусобиқаи шоҳмот баргузор гардина, ғолибони чорабини аз ҷониби намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом ва туҳфаҳои хотирави қадрдони гардиданд.
Инчунин дар ҳамкори бо комисариати ҳарбии ноҳия ҳамасола корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ бахусус ҷавонон ба роҳ монда, баъди баргузории мулоқоту вохуриҳо, мусобиқаҳои ҳарбию варзишӣ миёни ҷавонони синни даъватӣ ва шиносоии ҷавонон аз шарту шароитҳои қисмҳои низом шумораи ҷавонони ихтиёри ба сафи қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз то рӯз зиёд гардина истодааст.
Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша чорабиниҳои Бахш оид ба таҷлили Рӯзи Модар тартиб дод шуда, як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд.
Ҳамзамон бахшида ба Рӯзи Модар аз ҷониби маҳфил аксияи “Салом модар, ман туро дӯст медорам” дар кӯчаву хиёбонҳои ноҳия гузаронида шуд.
Тибқи нақша чорабиниҳои Бахш дар мактаби мусиқии бачагона Фестивал озмуни «Суруди модар - Алла» бо иштироки зиёда аз 40 нафар ҷавондухтарони фаъоли Коллеҷи техникӣ омӯзгорӣ, Коллеҷи тиббӣ ва Коллеҷи фарҳангӣ ҷумҳуриявӣ ба номи П.Буйдоқов баргузор гардид.
Дар озмун ҷавондухтарон маҳорати қироати суруди модар – Алла, нишон додани саҳнаи ҳаҷви, тайёр намудани хуриш, печонидани кӯдаки навзод ва хобонидани кӯдакро нишон дода аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳогузори гардиданд.
Дар анҷом ба ғолибон аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия диплом супорида шуд.
Санаи 2 марти соли равон бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Семенари омӯзиши «Омода намудани кадрҳои схизмати давлатӣ аз ҳисоби ҷавондухтарони болаёқати ноҳияи Рӯдакӣ» бо иштироки 100 нафар ҷавондухтарон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия А.Сатторӣ, Директори коллеҷи техникию омӯзгори номади илмҳои филологи Ҳусейнзода Г. ва Котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак Каримзода Ш. вобаста ба мавзӯ маърузаҳо намуданд.
Мутобиқи банди чоруми нақшаи мазкур Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ марҳилаи аввали озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҷавондухтари ҳунарманд»-ро бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ноҳияи Рӯдакӣ миёни ҷавондухтарони фаъоли ноҳия баргузор намуд. Дар озмун ҷавондухтарон тибқи низомнома пухтани нон, омода намудани хуроки миллӣ, намоиши малакаи ҳунармандӣ, парпеч кардани кӯдак ва хондани суруди модар (Алла)-ро ба хуби нишон доданд. Дар анҷом ба ғолибон аз ҷониби Мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия А. Сатторӣ диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ озмуни ҳафтсину ҳафтшин, Нонпази беҳтарин, Кадбонуи беҳтарин байни ҷавонондухтарон ва писарон доир карда шуд, ки дар он ҷавонон шеъру суруд ва ҳунарҳои милли мардумӣро пешкаш намуданд.
Ҷиҳати иҷрои қарори Раиси ноҳияи Рӯдакӣ «Дар бораи тайёр ва гузаронидани даъвати ҷавонони солҳои таваллудашон 1994-2003-ум ба хизмати ҳарбӣ дар баҳори соли 2021» бахшида ба Рӯзи гусели ҷавонон ба сафи қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи 1 апрели соли равон соати аз 9:00 то 12:00 дар назди бинои Комисариати ҳарбии ноҳия Барномаи фарҳангӣ фароғатӣ баргузор намуд, ки зиёда аз 1000 нафар иштирок намуданд.
Аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба 200-нафар ҷавонони ихтиёри ба комиссияи даъват омада ва ба сафи қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбаргардида бо либосҳои варзишӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади иҷроиши Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ба таҷлили «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23-май» таҳти унвони «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» дар ноҳия Нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия ва тасдиқ карда шуд, ки тибқи он дар сар то сари ноҳия чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ, фароғативу маърифатӣ ва оммавию варзишӣ доир гардиданд.
Ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳо санаи 11 май аксияи поси хотир дар оромгоҳ бо номи “Тошхонхӯҷа” таҳти унвони “Мо ба гузаштагони худ эҳтиром мегузорем” гузаронида шуд. Дар аксия ҷавонон роҳравҳо ва болои мазорҳоро аз алафҳои зиёдати тоза намуданд.
Вобаста ба масъалаи мазкур санаи 8 май Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар якҷояги бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба аёдати иштирокчиёни ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта кумакҳои яквақта аз қабили орд, равғанва кумакпулӣва бо Рӯзи иди ғалаба табрик намуда бо онҳо суҳбатҳо оростанд. Иштирокчиёни ҷанги Бузурги Ватанӣ аз лаҳзаҳои ҷангашон ёдовари шуда ба меҳмонон қиссаҳо намуданд.
Ҳамзамон тибқи нақша бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила омили устувории оилаҳои ҷавон» бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23-май» баргузор гардид.
Дар мизи мудавар муовинони Раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба идиология раисони шуроҳои кор бо занону ҷавонон, донишҷуён ва кормандон марбуд ба соҳа иштирок дошта такифу пешниҳодҳод ва суханрони намуданд.
Дар рафти мизи мудавар ба 100 нафар иштирокчиён китобчаҳо дар бораи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зуровари дар оила тақсим карда шуд.
Бахшидаба Рӯзи байналмиллалии Осорхонаҳо санаи 18 майи соли равон дар осорхонаи марказии ноҳияиРӯдакӣ як рӯзидарҳои кушоди осорхона бо иштироки зиёда аз 400 нафар ҷавононунаврасон гузаронида шуд. Ҷавонони ноҳия аз осори бойю рангини гузаштагонамон дидан намуда, барои худсанаҳои таърихиро қайднамуданд. Инчунин аз ҷониби волонтёрон аз Осорхонаи ҷумҳуриявӣ низ дидан намуданд.
Вобаста ба иҷрои нақшаи мазкур дар ноҳия Аксияи ноҳиявии «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат», «Мо ҷавонон зидди нашъамандӣ!», “Саломатии ҷавонон саломатии миллат”, “Хизмат ба Ватан шараф аст” дар боғҳо ва маркази ноҳия бо иштироки волонтиёрони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва шумораи зиёди ҷавонон гузаронида шуд, ки дар аксия зиёда аз 500 маводҳои таблиғоти буклетҳои тақсим карда шуд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшидабатаҷлили «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23-май» мусобиқаи Футболи хурд байни корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳои ноҳия барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар майдончаи варзишии боғи фарҳангӣ фароғатӣ ва солимгардонии Ғалаба баргузор гардид. Дар мусобиқа зиёда аз 14 даста ба қайд гирифташуда байни ҳамсабқат намуданд.
Вобаста ба иҷрои бандҳои Нақшаи мазкур бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон санаи 22 майи соли равон дар бинои қасри фарҳангӣ ноҳия мулоқоти Раиси ноҳия бо фаъолҷавонону варзишгарон баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаи Шурои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди Раиси ноҳия баррасӣ гардид. Дар шуро масъалаҳои ҷалб намудани духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои мардуми ва омузиши забонҳои хориҷи баррасӣ гардида Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, раёсати маориф ва шуъбаи кор бо занон ва оила вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати амали намудани масъалаҳои мазкур чораҳои зарури андешида шавад.
Дар анҷоми мулоқот ҷавонони фаъол ва собиқадорони соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш аз тамоми сохторҳои маҳаллӣбо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣқадрдони гардиданд.
Сипас аз ҷониби санъаткорони ҷавони ҷумҳурӣ чорабинии фарҳангию фароғатӣ баҳри болидагии ҷавонон баргузор гардид.
Худи ҳамон рӯз дар маркази ноҳия бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии фарҳагию фароғати «Шоми ҷавонӣ» бо иштироки зиёда аз 2200 нафар ҷавонону наврасон баргузор карда шуд, ки хурсандии ҷавононро ҳаду канор надошт.
Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар сар то сари ноҳия чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ, фароғативу маърифатӣ ва оммавию варзишӣ доир гардиданд.
Оғоз аз аввали мо ҳазҷонби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мусобиқаҳои варзиши аз намуди гуштини дзюдо, Бокс, бадминтон, мусобиқаҳои варзишии шашка шоҳмот дастхобони дар боғҳо бо шумораи 850 нафар ҷавонону наврасон гузаронида шудааст.
Дар асоси Амри Раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 11 майи соли 2021, №41 Дар бораи баргузории дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба таҷлили «РӯзиҷавонониТоҷикистон» санаи 16 майли соли 2021 дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.
Дар дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ Раиси ноҳия кормандони дастгоҳи Раиси ноҳия, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сохторҳои маҳаллӣ ва шумораи зиёди ҷавонону наврасон новобаста аз сину сол иштирок намуданд.
Аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба зиёда 100 нафар ҷавонону иштирокчиёни фаъоли Дави милли либоси варзиши туҳфа карда шуд.
Дави миллиро Раиси ноҳия кормандони дастгоҳи Раиси ноҳия, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сохторҳои маҳаллии ноҳия оғоз намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ зиёда аз 31600 нафар ҷавонону наврасон новобаста аз сину сол иштирок намуданд.
Дар фарҷом ба ғолибон аз ҷониби муовини Раиси ноҳия медал, ифтихорнома, ҷом ва туҳфаҳои хотирави супорида шуд.
Дар ин давра аз ҷониби маҳфили «Пайравони Пешвои миллат»дар ҳамкори бо маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии марказҳои ҷамоату шаҳраку деҳоти ноҳия бо иштироки ихтиёриён волонтиёрони Бахш корҳои ташфиқотӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ, мубориза ба муқобили ВНМО/БПНМ ва аксияҳо ҷавонон зиди ВНМО бо нишон додани саҳнаҳои тарбияви баргузор карда шуд, ки дар онҳо зиёда аз 500 маводҳои таблиғоти ба аҳолӣ тақсим карда шуд.
Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оиди нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои варзишӣ ва колеҷҳои ноҳия мулоқоту вохуриҳои судманд ҷиҳати нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 4800 нафар ҷавонону наврасон фаъолона иштирок намуданд.
Аз ҷониби Волонтиёрони Бахши кор бо ҷавонон ва варзишӣ ноҳия дар кучаву хиёбонҳои ноҳия бозорҳо ва марказҳои саломтиву ҷойҳои ҷамъиятӣ аксияҳо ҷиҳати тақсими китобҷаҳо аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёда аз 250 нафар шаҳрвандони сину соли гуногун тақсим карда шуд.
Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди расонидани мӯҳтавои Паёми Ассосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Назарзода мулоқот бо 200 нафар фаъолҷавонон, барандагони стипендияи Президенти, стипендияи Раиси ноҳия, ҷавонони соҳаи тандурустӣ, маориф, варзишгарон ва роҳбарони ҷавонони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор карда шуд.
Ҳамзамон дар Қасри фарҳангиноҳиябоиштирокизиёдааз 300 нафар сокинони шаҳракиСомониён вохури оиди ба аҳоли расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон баргузор гардид.
Ҳамзамон бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим аз ҷониби маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» мусобиқаи шашка дар маркази шаҳраки Сомониён таҳти унвони «Мо ҷавонон ҳаёти солимро ихтиёр дорем» миёни аҳоли гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 80 нафар роҳгузарон новобаста аз синну сол иштирок намуданд.
Бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи Футболи хурд байни корхонаву ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияти ноҳия барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳияи Рӯдакӣ дар майдончаи варзишии боғи фарҳангӣ фароғатӣ ва солимгардонии “Ғалаба” ва майдончаи варзишии “Шифо” баргузор гардид. Дар мусобиқа зиёда аз 14 даста байни ҳамсабқатнамудандва дар анҷоми мусобиқадастаи Бонки “Эсхата” дар ноҳияи Рӯдакӣ сазовори ҷойиаввалгардид. Ба ғолибон аз ҷониби муовини Раиси ноҳия дар маросими тантанави ифтихорнома, медал, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ҶомиРаисиноҳиясупоридашуд.
Дар ин давра аз ҷониби маҳфили «Пайравони Пешвои миллат»24 аксияҳои тозагӣ таҳти шиори «Мо ҷавонон ин ватанро сабзу хуррам мекунем» ва аксияи «Саҳми ман дар шаҳри ман» бо фарогирии 1680 нафар баргузор карда шуд ва 31 аксияҳо ҷиҳати пешгирии КОВИД-19 бо тақсим намудани 3200 ниқоб ва маводҳои таблиғоти аз ҷониби волонтёрон баргузор карда шуд.
Тибқи нақша дав оми моҳҳои август сентябри соли 2021мулоқоту вохуриҳо оиди пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷои, муқовимат бо корупсия, ВНМО, бемории сироятии пандемияи короновирус, хушунат ва зуровари дар оила, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони хеш, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва шумораи зиёди бекоршавии ақди никоҳ, ба таҳсили ҳатми фаро гирифтани ҷавондухтарон, дастовардҳои 30- соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рафти таъмини иҷрои қҷТ «Дар бораи танзиму анана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динни» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҷамоатҳои деҳоти қиблаӣ, Султонобод, Чоряккорон, шаҳраки Навобод ва Раёсати маорифи ноҳия бо иштироки кормандони соҳаи маориф, тандурусти, ҷавонону занон, раисони маҳаллаҳо ва ходимони дин бо иштироки зиёда аз 1120 нафар баргузор карда шуд.
Бахшида ба Рӯзи касбии табибон дар толор Беморхонаи марказии ноҳия чорабинии тантанави баргузор гардина, кормандони ҷавони ин соҳа бо сипосномаи Бахши кор. бо ҷавонон ва варзиши ноҳия қадрдони гардиданд.
Дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти қиблаии ноҳия чорабинии фарҳангию фароғати баргузор гардина, дар чорабини дастовардҳои ҷамоат дар даврони Истиқлолият пешкаши меҳмонон гардина фаъолон бо сипоснома қадрдони гардиданд.
9 сентябри соли равон бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия роҳпаймои бо иштироки 3500 нафар ҷавонону варзишгарон гирандагони стипендияи Президенти ва Раиси ноҳия, омузгорону донишҷӯён, ташкилотҳои ноҳия ново баста аз шакли моликият баргузор карда шуд.
Санаи 22 сентябри соли 2021 бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ ва бузургдошти шори бузургвор, ки чун қофиласоро ба адабиёти класики форсу тоҷик ба забон ва шеъри тоҷик ибтидо гузошт дар қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки 320 нафар ҷавонон, волонтиёрон, гирандагони стипендияи Президентӣ ва Раиси ноҳия, омузгорону донишҷӯён таҳти шиори «Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ» чорабинии адабию фарҳанги баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки таҷлили ин ҷашн яъне Рӯзи Рӯдакӣ бо иқдом ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати-миллӣ Пешвои мил лат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 22 сентяб дар сар то сари кишвар қайд карда мешавад.
Инчунин 29 сентябри соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ифтихори бузургдошти Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ конфиренсияи адаби зери унвони «Шахсияти кабири адаб ва маънавиёти башарият» бо иштироки 100 нафар ҷавонон баргузор карда шуд.
Дар кори конфиренсия маърузачиён ва гирандагони стипендияи Президенти ва Раиси ноҳия доир ба ашъори Шахсияти кабири адаб ва маънавиёти башарият Мавлоно ҷалолиддини Балхӣ маърузаҳо намуданд.
Ҷиҳати иҷрои қарори Раиси ноҳияи Рӯдакӣ «Дар бораи тайёр ва гузаронидани даъвати ҷавонони солҳои таваллудашон 1994-2003-ум ба хизмати ҳарбӣ дар баҳори соли 2021» бахшида ба Рӯзи гусели ҷавонон ба сафи қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи 1 октябри соли равон соати аз 9:00 то 12:00 дар назди бинои Комисариати ҳарбии ноҳия Барномаи фарҳангӣ фароғатӣ баргузор намуд, ки зиёда аз 520 нафар иштирок намуданд.
Аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба 150-нафар ҷавонони ихтиёри ба комиссияи даъват омада ва ба сафи қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбаргардида бо либосҳои варзишӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ санаи 4 октябри соли 2021 дар толори Муассисаи давлатии Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳия конфиренсияи илми назарявӣ таҳти шиори “Рушду нумуи забони давлатӣ аз афзалиятҳои сиёсати фарҳангии Пешвои миллат”бо иштироки донишҷуёну омузгорони баргузор гардид.
Дар конфиренсия устодони муассисаи мазкур доир ба Рӯзи забон маърузаҳо намуда дар фарҷоб аз ҷониби донишҷӯёни коллеҷ як чорабинии фарҳангию фароғати таъби меҳмононро болида гардонид.
Инчунин бахшида ба 30-юмин солгарди Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар назди муҷассамаи И.Сомонии ноҳия чорабинии тантанави ва фарҳангию фароғати бо иштироки зиёда аз 1700 нафар ҷавонону наврасон баргузор гардид.
Санаи 20 октябри соли равон бо иштироки Муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7, бо аҳли ҷамоатчигии ҷамоати деҳоти Чоргултеппа ва инчунин худи ҳамонрӯз бо донишҷӯён ва омузгорони Муассисаи давлатии Коллеҷи техникию омузгори мулоқоту вохуриҳо ҷиҳати пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷои, муқовимат бо корупсия, ВНМО, бемории сироятии пандемияи короновирус, хушунат ва зуровари дар оила, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони хеш, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва шумораи зиёди беоршавии ақди никоҳ, ба таҳсили ҳатми фаро гирифтани ҷавондухтарон, дастовардҳои 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рафти таъмини иҷрои қҷТ «Дар бораи танзиму анана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динни» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баргузор карда шуд. ҳамзамон Муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кушодашавии мусобиқаи Волейбол байни донишҷуёни Коллеҷи техникию омузгорӣ ва мусобиқаи футбол бо усули деҳа ба деҳа дар ҷамоати деҳоти Зайнабобод иштирок намуданд.
Бахшида ба 27 солагии Кониститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 5 ва 6 ноябри соли равон мизи мудаввар дар мавзӯи “Кониститутсия ва занон” бо иштироки 45 нафар ҷавондухтарон ва мусобиқаҳои варзишии Волейбол бо иштироки 14 даста ва шоҳмот байни духтарон ва писарон бо иштироки 60 нафар баргузор карда шуд.
Доир ба таҷлили Рӯзи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон 1 Конфиренсия илми – назаряви тахти унвони “Иқдоми беназири Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии техникии насли ҷавон”, 2 мизи мудаввар таҳти унвонҳои “30 соли Истиқлолият ва саҳми Пешвои миллат дар рушди соҳаи кор бо ҷавонон” ва “Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи маориф”, 4 чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, 1 аксияи умуми ноҳияви бо тақсим намудани аксҳои Пешвои миллат ба аҳолӣ, 1 ҳамоиши кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохили №1- дар ноҳия ва аёдати 3 нафар маъюбон дар арафаи таҷлили Рузи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар маҷму бахшида ба Рӯзи Президент бо фарогирии зиёда аз 1680 нафар ҷашн гирифта шуд.
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлати бошад 1 конфиренсия, 3 аксия бо тақсим намудани 200 дона парчам ба аҳоли ва нишони сари синагӣ ва баргузо намудани 2 чорабиниҳои фарҳангӣ бо фарогирии 750 нафар баргузор карда шуд.
Санаи 6 декабри соли равон дар толори қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба Рӯзи Волонтёрон чорабинии фарҳангиву фароғати бо иштироки 280 нафар ҷавонони касбу кори гуногун баргузор карда шуд.
Дар чорабини Волонтёрони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия доир ба фаъолияти волонтёри касбу ҳунари волонтиёрон баромадҳо намуданд ва баҳри болидагии иштирокчиён саҳнаҳои ҳаҷви, тақлиду сурудхони ва рақсҳои ҷолиб нишон доданд.
Дар анҷоми чорабини Волонтёрони фаъоли Бахш бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирави қадрдони гардиданд.
Давоми моҳҳои октябр, ноябр ва декабри соли равон ҷиҳати пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷои, муқовимат бо корупсия, ВНМО, бемории сироятии пандемияи короновирус, хушунат ва зуровари дар оила, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони хеш, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва шумораи зиёди беоршавии ақди никоҳ, ба таҳсили ҳатми фаро гирифтани ҷавондухтарон, дастовардҳои 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рафти таъмини иҷрои қҷТ «Дар бораи танзиму анана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динни» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»дар ҷамоатҳои деҳоти Эсанбой, Чоргултеппа, Гулистон, Султонобод, шаҳраки Сомониён, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№1,3,4,5,7,8,12,14,21,41,45,179, литсейи давлати, коллеҷҳои техникию омузгори ва фарҳанги бо фарогирии 2410 нафар баргузор карда шуд.
Рушди тарбияи ҷисмони ва варзиш яке аз самтҳои асосии пешгирии ҷавонону наврасон аз корҳои номатлуб маҳсуб ёфта, ҳарчи бештар ҷалб намудани онҳо ба намудҳои гуногуни варзиш мебошад. ҷиҳати ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ноҳия корҳои зиёду судманд ба анҷом расонида шудааст.
Вобаста ба таътили зимистона миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди баскетбол, гуштини дзюдо, Бокс, чавгонбозӣ ва футболи хурд бо иштироки 280 нафар варзишгар баргузор карда шуд.
Дар ҷамбасти мусобиқаҳо ғолибон бо ҷом, медал ва диплом қадрдони гардиданд.
Дар асоси нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдаки дар бораи мусобиқаи футбол деҳа ба деҳа дар мувофиқа бо Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати шаҳраки Сомониён 3 мусобиқа 107 бози, ҷамоати деҳоти Чоргултеппа 3 мусобиқа 120 бози, ҷамоати деҳоти Лоҳур 3 мусобиқа 96 бози, ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ 3 мусобиқа 138 бози, ҷамати деҳоти Гулистон 1 мусобиқа 34 бози, ҷамоати деҳоти Роҳатӣ 1 мусобиқа 34 бози, ҷамоати деҳоти Эсанбой 1 мусобиқа 36 бози ва ҷамоати деҳоти Султонобод 3 мусобиқа 120 бози, баргузор карда шуд.
Дар маҷму685 бозии футбол баргузор гардида дар он 3994 нафар ҷавонону варзишгарон ҷалб карда шуданд.
Дар асоси қарори Раиси ноҳия доир ба баргузор намудани фестивали бозиҳои милии варзиши бахшида ба Наврузи байналмилали дар ноҳия мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди бандкашӣ, вазнбардорӣ, чавгонбозӣ, шоҳмот, варзиши сабук, дастхобони ва гуштини миллӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Эсанбой, Зайнабобод, Лоҳур, Чоргултеппа ва Гулистон бо иштироки 1550 нафар варзишгарон баргузор карда шуд.
Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе оғоз аз субҳи содиқ таҳти шиори “Зебоӣ тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” дар маркази ноҳия бо иштироки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сохторҳои маҳаллӣ ва мардуми шарафмади ноҳия машқҳои дастҷамонаи пагоҳирузи баргузор карда мешавад.
Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби Бахш мусобиқаҳои варзишии гуштини дзюдо, бокс,бадминтон, чавгонбози, футбол шашкаву шоҳмот бо фарогирии 680 нафар ҷавонону варзишгарон баргузор карда шуд.
Бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон давоми моҳҳои август сентябри соли равон 12 мусобӣкаҳои варзишӣ аз намуди бокс, гуштини дзюдо, шашкаву шоҳмот, ҷиу читсу, гуштини миллӣ, футбол, бо фарогирии 750 нафар варзишгарон баргузор карда шуд.
Давоми моҳҳои октяб ва декабри соли равон аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия 22 мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди футбол, волейбол, шашкаву шоҳмот, бокс, гуштини миллию дзюдо, таеквандо ва бадминтон бо фарогирии 1820 нафар гузаронида шуд.
Дар соли ҷорӣ варзишгарон аз мусобиқаҳои байналмиллалӣ 2-то медали тилло,2-то нуқрава 2-то медали биринҷӣба даст оварданд дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, Чемпиоатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусобиқаҳои минтақави соҳибӣ 67-то медали тилло, 76-то нуқра ва 84-то биринҷӣ гардидаанд.
Дастоварди сол ин ҳам бошад роҳхат гирифтани варзишгари маъруфи ноҳия Темур Раҳимов ва иштироки у дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 мебошад, ки миёни 10 нафар варзишгарони ҷумҳури у низ барои штирок намудан имконият пайдо намуд.
Инчунин Темур Раҳимов дорандаи медали нуқра ва биринҷии Гранд Слам оид ба гуштини Дзюдо.
Ташкили чорабиниҳои гуногуни ташкиливу оммавӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, ки ба он зиёда аз 280 ҳазору 200 нафар ҷавонону наврасон фаро гирифта шуданд далели гуфтаҳои боло мебошанд.
Инчунин дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу-ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти кишвар, ки зимни мулоқоташон бо варзишгарон 20 декабри соли 2010 баён гардида, мутобиқи талаботи банди 35-и нақша-чорабиниҳои мазкур дар ноҳияи Рӯдакӣ дастаи футболи Кӯктош-Рӯдакӣ таъсис дода шуда, айни замон дар бозиҳои лигаи Олии футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ дар ояндаҳам баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷиҳати иҷрои Барномаҳои қабулгашта тамоми чораҳоро андешида, дар ташаккулӣ маърифатӣ фарҳангию сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, инкишофи намудҳои варзиш, мустақилияти иқтисодии ҷавонон, тарбияи ватанпарастӣ, ҷонибдории сиёсати имрӯзаи роҳбарияти давлатамон саҳми арзандаи худро мегузорад.
Саҳифаи 5 аз 9