Рӯз, 22 май бахшида ба ҳафтаи ҷавонон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии раиси ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷавонони фаъол, барандагони стипендияи президентӣ ва стипендияи раиси ноҳияи Рӯдакӣ, роҳбарони созмонҳо ва маҳфилҳои ҷавонон, донишҷӯёне, ки тавассути квотаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шудаанд ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гашт.
Раиси ноҳияи Рӯдакӣ - Исматзода Азизулло дар суханрониашон ба ҷавонони ноҳия аз эътимод ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонон шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад.
Дар идомаи вохӯрӣ якчанд ҷавони фаъол ва барандагони стипендияи президентӣ ва стипендияи раиси ноҳияи Рӯдакӣ дар назди раиси ноҳия суханронӣ намуданд. Раиси ноҳия - Исматзода Азизулло бо ҳар кадоми онҳо алоҳида суҳбат карда, аз мушкилоту пешниҳоди онҳо дар самти беҳбудии ҳаёти ҷавонон пурсон шуданд ва таклифҳои онҳоро ба назар гирифта, ба бахшҳои дахлдор супоришҳои мушаххас доданд.
Баъдан, аз ҷониби раиси ноҳия ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳое, ки бо бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия ҳамкориҳои зич доранд, инчунин барандагони стипендияи президентӣ ва стипендияи раиси ноҳияи Рӯдакӣ ва ҷавонони фаъол, ки дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва ташаккули афкори солими наврасону ҷавонон саҳми арзанда доранд, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.