Дар асоси нақша чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ санаи 21.02.2022 дар қисми низомии 15018 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон даври финалии мусобиқаи ҳарбии варзишии "Ҳомии Ватан" баргузор гардид.

       Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳия М.Бобошоҳзода директори коллеҷи техникию омӯзгорӣ Г. Ҳусейнзода ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия А.Сатторӣ иштирок намуда ҳамаи сарбозон ва дар симои онҳо кулли сарбозони ҷумҳуриро бо 29-умин солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд. Дар мусобиқаи мазкур 12 даста байни ҳам аз намудҳои бандкашӣ, давидан ба масофаи 100 метр, тирпаронӣ, турниккашӣ, вазнбардорӣ ва аз ҷой ҷаҳидан қувваозмоӣ намуданд.

         Дар ҷамъбасти мусобиқа МТМУ №5 сазовори ҷойи 1-ум, МТМУ №45 ҷойи 2-юм  ва  МТМУ № 36 сазовори ҷойи 3-юм гардида  бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдони гардиданд.