- Диданд: 882
Рӯзи 29-уми июл дар толори бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода, инчунин роҳбари дастгоҳ ва муовинони раиси ноҳия, роҳбарони бахшу сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рӯдакӣ дар нимсолаи аввали соли 2021, баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ хабарнигорон аз воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ, расонаҳои мустақил ва соҳавӣ, аз ҷумла Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар", радиоҳои "Тоҷикистон", "Фарҳанг" нашрияҳои "Халқ овозӣ", "Ҷаҳони Паём", "Ҷумҳурият", "Пайк", "Фараж" ва ғайра иштирок намуданд.
- Диданд: 1086
Рӯз, 22 май бахшида ба ҳафтаи ҷавонон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии раиси ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷавонони фаъол, барандагони стипендияи президентӣ ва стипендияи раиси ноҳияи Рӯдакӣ, роҳбарони созмонҳо ва маҳфилҳои ҷавонон, донишҷӯёне, ки тавассути квотаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шудаанд ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гашт.
- Диданд: 1142
Супоридани мукофотпулӣ ба варзишгари маъруфи ноҳия Темур Раҳимов, туҳфаҳои хотиравӣ ба ғолиби озумини ҷумҳуриявӣ "ФУРУҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ..." Мавлонова Малика ва «Волонтёри беҳтарини соли 2020» Собиров Ҳасан.
Саҳифаи 6 аз 9