Ҷамъомати тантанавӣ  

            11 марти соли 2022 дар ноҳияи Рӯдакӣ Рӯзи матбуоти тоҷик бо тантана таҷлил гардид. Дар он муовини раиси ноҳия М.Бобошоҳзода аз таърихи матбуоти тоҷик, мувваффақияту дастовардҳои он ёдовар шуда, заҳмат талабу пурмасъулият будани касби рӯзноманигориро қайд намуд. Дар ҷамъомади тантанавӣ сармуҳарир, адибону рӯзноманигорон, собиқадорони рӯзномаи ноҳиявӣ ва дигар ҳаводорони матбуот ширкат доштанд.

         Дар охири ҷамъомат ба як қатор рӯзноманигорон барои хизматҳои арзанда аз номи мақомоти иҷрояти ҳокимияти давлатии ноҳия сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ такдим гардид.

 

       Санаи 5-уми марти соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ  бахшида ба Рӯзи  модар - 8 март чорабинии  фарҳангию фароғатӣ  доир гардид. Дар тантанаи идона  раиси ноҳияи Рӯдакӣ муҳтарам Азизулло Исматзода,  муовинони раиси ноҳия, инчунин мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва занони фаъоли касбу кори гуногун  ширкат варзиданд. 

       Чорабиниро сараввал раиси ноҳияи  Рӯдакӣ муҳтарам Азизулло Исматзода бо паёми  табрикотии худ оғоз намуда, иброз дошт, ки «Зан-модар беҳтарину арзандатарин офаридаи Худованди муттаъол дар рӯйи замин мебошад.  Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд, ки:

         Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

         Дар зери қудуми модарон аст.

       Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ  ба  занони фаъоли касбу кори гунони ноҳия  сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии ноҳияи Рӯдакӣ супорида шуд.

         24 феврали соли 2022 дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мулоқоти муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ М.Бобошоҳзода, сардори раёсати маорифи ноҳия С.Сафаров бо хатмкунандагони равияи омӯзгорӣ ва ҷалби онҳо барои фаъолияти минбаъда дар соҳаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ вохурӣ баргузор гардид. Суҳбат дар фазои самимият баргузор гардида, аз донишҷуён даъвад ба амал оварда шуд, ки баъди хатми донишгоҳ ба ноҳияи Рӯдакӣ ба кор оянд. Барои онҳо тибқи талаботи қонунгузориҳо имтиёзҳо муқаррар карда мешавад. Даъват аз ҷониби маъмурият ва хатмкунандагони донишгоҳ бо хушнудӣ пазируфта шуда, чанд нафар ваъда доданд, ки баъди хатми донишгоҳ ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакӣ ба кор меоянд.