Вохӯрии аъзоёни Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки санаи 11 феврали соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид.
          Раиси ноҳия Азизулло Исматзода сараввал ташрифи меҳмонон-аъзоёни Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, сухани ифтитоҳӣ намуд.
          Сипас раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам дар назди ҳозирин оид ба мавзӯи "Таҳкими Ваҳдати миллӣ-мароми мо" баромад намуда, нақши Пешвои миллатро дар таҳкими Ваҳдати миллӣ назаррас арзёбӣ кард ва иброз дошт, ки ҳар яки мо дар баробари Сарвари кишвар мебояд ҷиҳати таҳкими ин неъмати бебаҳо саҳмгузор бошем.
       Меҳмонони дигари ҳамоиш муовини раиси Кумитаи оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода ва аъзои Шӯрои кӯҳансолони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ҳайдаршоҳ Пирумшоев ҳам дар ҷараёни вохӯрӣ ба ҳозирин доир ба масъалаҳои доғи рӯз баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.
       Дар фарҷом раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам ба раиси ноҳия Азизулло Исматзода «Ифтихорнома»-и кумитаро супорида, ҳамзамон якчанд нусха китоби тозанашри "Ваҳдат, Давлат, Президент" ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва муассисаҳои таълимӣ тақдим намуд.
 
Возможно, это изображение (5 человек и люди стоят)
 
Возможно, это изображение (2 человека, люди сидят, люди стоят и в помещении)
 
Возможно, это изображение (4 человека, люди сидят и люди стоят)
 
Возможно, это изображение (1 человек и стоит)
 
Возможно, это изображение (2 человека, люди стоят, люди сидят и в помещении)
 
Возможно, это изображение (2 человека и люди стоят)
 
Возможно, это изображение (1 человек, сидит и стоит)