Фаро расидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба тамоми кӯдакону наврасон табрику муборакбод гуфта, барои онҳо даврони босаодати наврасӣ осмони соф, оромию осудагӣ ва хандаи беғубори тифлиро таманно дорам.

          Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба насли наврас ғамхорӣ зоҳир намуда, масъалаи таълиму тарбияи онҳоро яке аз масъалаҳои муҳими давлат ва ҷомеа арзёбӣ менамоянд.            

      Ин аст, ки аз самараи истиқлоли миллӣ ва сиёсати ояндасозу маърифатпарваронаи Пешвои миллат барои кӯдакону наврасон ҳамасола мактабҳои наву замонавӣ ва шароити мусоиди таълиму тадрис фароҳам карда мешавад.

        Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ барои таҳти ғамхории доимӣ фаро гирифтан ва фароҳам овардани тамоми шароитҳои зарурии вобаста ба омӯзишу парвариши кӯдакони синни томактабӣ ва ҳамчунин дар оянда идома ёфтани таҳсили онон дар муассисаҳои таълимӣ таваҷҷӯҳи алоҳида зоҳир менамояд.

         Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳар кадоми моро вазифадор менамояд, ки дар таълиму тарбия ва махсусан ҳамчун шахсони солимфикр, хушахлоқ, масъулиятшинос, ватандӯсту шуҷоъ ва соҳибмаърифат ба камол расидани насли ҷавон саҳмгузор бошем.

           Азнавсозӣ, таъмиру тармим ва сохмтони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, ташкили лагерҳои мавсимӣ дар тамоми деҳоту шаҳраки ноҳия ва ба ин восита фаро гирифтани кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо, доир намудани чорабиниҳои мухталифи маданию маърифатӣ дар ин ҷойҳо баёнгари он аст, ки насли ояндасоз ҳамвора мавриди ғамхории калонсолон ва масъулини соҳа қарор дорад.

           Бори дигар, фарзандону дӯстони хурдсолро дар ин рӯзи муборак аз самими қалб табрик ва муборакбод намуда, таманнои онро дорам, ки ҳамеша хушбахту сарбаланд бошанд, ҳамчун шахсони бонангу номус, бофарҳангу боадаб ва арзандаи миллат ба воя расанд.

       Бигузор ҳамеша дар лабони кӯдакон ханда ҳувайдо, чеҳраҳои онҳо дурахшон ва дилашон саршор аз меҳру саодати зиндагӣ бошад.

Ид муборак, фарзандони азиз!

 

 

         31 майи соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Риояи  Кодекси одоби хизматчиии давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия, раисон ва сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид.

            Дар семинар-машварати омӯзишӣ муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ ва сармутахассиси шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, намояндаи Академияи идоракунии давлатӣ иштирок ба баромад намуданд.

  

 

  

  

    

 

 

         Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 3 феврали соли 2022, №АП-154, дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, сурудҳои тараннумгари шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон санаи 23 июни майи 2022 дар қасри фарҳанги ба номи Кароматуллоҳ Қурбон даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” аз рӯи се номинатсия: композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ баргузор гардид.

      Дар он 192 довталабон ширкат варзиданд. Аз миёни онҳо Қобилов Назриддин, Лутфуллоев Зубайдулло, Оҷилдизода Айёмиддин, Исломова Мунаввара ва дигарон  холҳои баландро соҳиб гашта, ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд.

        Дар охири озмун муовини раиси ноҳия Бобошоҳзода Муҳаммадшариф иштирок варзида, ба ғолибон диплому мукофотҳоро ҳадя намуда, ба онҳо дар даврҳои минбаъда мувафақиятҳо орзу намуд.