2-Сентябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ таҳти мавзӯи ʺОмӯзиш ва муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим оид ба масъалаҳои зерин:

-ташкили иҷрои асноди меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба танзими ҷашну маросимҳои анъанавӣ ва татбиқи ҷашнҳои нав;

-таъмин намудани ҳамкории мақомоти давлативу ташкилотҳои ҷамъиятӣ доир ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;

-расонидани ёрии амалӣ ва методӣ ба комисияҳои маҳалли дар гузаронидани ҷашну маросимҳо;

-таҳия намудани тавсияву дастурҳои амалӣ, ташкили семинарҳо доир ба камхарҷу замонавӣ ва ҷолиб гузаронидани ҷашну маросимҳои анъанавӣ, ба ҳаёти маишиву фарҳангии халқ;

-якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор пеш бурдани корҳои маърифатӣ, тарғиботӣ дар байни аҳолӣ ва ғайраҳо.

Дарси хониши идораравӣ бо иштироки роҳбари дастгоҳи Раис Воҳидзода Ҷамшед Камол ва кормандони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи раиси ноҳия баргузор гардида, дар фарҷоми хониши идоравӣ вобаста ба масъалаи ироагардида кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Рӯдакӣ суҳбати озод намуда, ибрози андеша намуданд.

 

 

 

 

      Ҷиҳати омода  намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳияӣ Рӯдакӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи  ситоди ноҳиявӣ оид ба гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 баргузор гардид.

         Қайд гардид, қи бо мақсади амалӣ намудани  қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №133 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ  барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» қарори Раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 15 апрели соли 2022, №786 ба тасвиб расонида,  дар замимаи қарори мазкур Ситоди ноҳиявӣ ва нақшаи чорабиниҳо вобаста ба масъалаи мазкур тасдиқ  гардидааст.

    Барои бе мушкили гузаронидани давраи тирамоҳу  зимистони солҳои 2022-2023  дар ноҳия ситоди доимоамалкунанда ташкил карда шуда, ҷараёни бо гарми таъмин намудани ташкилоту муассисаҳои худуди ноҳияро зери назорати қатъӣ қарор додаанд.

 

          Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, хонишҳои сиёсӣ баргузор гардид. Мақсад аз баргузории ин иқдом, баланд бардоштани малакаи сиёсии кормандон, маҳорати идоракунӣ ва тарзи муоширати хизматчиёни давлатӣ бо шаҳрвандон ва муроҷиаткунандагон мебошад.
       Ҳамин гуна хониши сиёсӣ бо иштироки роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия ва мудирони шуъбаю бахшҳои дахилдори соҳа гузаронида мешавад.