- Диданд: 421
Субҳи 15-уми майи соли равон дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ баргузор гардид, ки дар он муовинони ноҳия, роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо, наврасону ҷавонон, бонувон ва собиқадорони меҳнат ширкат варзиданд.
Бо такя ба сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат ба хотири таъмини идеяи миллати солим ва ҷалби ҳарчӣ бештари ҷомеа ва варзиш Ҳукумати кишвар марҳила ба марҳила ба таҳкими санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ корҳои муайянеро дар самти рушди варзиш ба анҷом расонидааст.
Ҳамин тавр, бо ишораи устодони варзиш марафони велосипедронӣ, сипас иштирокчиён ба дави миллӣ дар масофаи 3км оғоз гардид.
Дар фарҷом ба иштирокчиён ва ғолибони марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ барои иштироки фаъолона бо сипоснома ва тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ сарфароз гардиданд.




- Диданд: 374
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 8 апрели соли равон Маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2022 баргузор гардид ва муовини аввали раиси ноҳия Абдуаҳад Саидмуродзода оид ба ин масъала ҳисобот дод.
Дар ҷараёни кори ҷаласа раиси ноҳия Азизулло Исматзода ба кормандони нозироти андоз ҷиҳати иҷрои пурраи ҷамъоварии андозҳо дар семоҳаи аввали соли равон изҳори миннатдорӣ намуд. Сипас ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини сабади истеъмолии сокинони ноҳия ба сардори Раёсати кишоварзӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон раиси ноҳия Азизулло Исматзода аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон ёдовар шуда, сартабиби ноҳия, сардори Раёсати маориф ва раиси кумитаи идораи замини ноҳияро барои дастгирии омӯзгорон ва табибони ҷавон ва вобаста ба имконоти мавҷуда бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин таъмин намудани онҳо вазифадор намуд.
Дар идомаи маҷлис ба масъулин, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолон супориш дода шуд, ки ҷиҳати амалигардонии як қатор тадбирҳову вазифаҳои аввалиндараҷа, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зарур дониста шудаанд, дар семоҳаи дуюми соли 2022 саҳм бигиранд.
Маҷлис дар анҷом оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои идомаи соли 2022 қарори дахлдор қабул намуд.
- Диданд: 511
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ба муносибати сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат ва падару модарони наваскарон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.
Раиси ноҳия Азизулло Исматзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки “Хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар як ҷавон мебошад”.
Аз номи волидайни наваскарон Ҷавҳарбӣ Сатторова суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки “Барои мо модарон аввало сулҳу амонии кишвар зарур буда, таъмини ҳаёти осоишта ба дӯши Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Мо ба матонату далерии афсарону сарбозони шуҷои Ватан эътимод дорем ва ман ифтихор мекунам, ки имрӯз фарзандам ба сафи муҳофизони Ватан пайваста, қарзи фарзандиро дар назди Модар-Ватан иҷро менамояд. Боварӣ дорам, ки давоми ду сол дар ин мактаби мардонагӣ аз лиҳози сиёсӣ, ҳарбию ҷисмонӣ ва ҷасорату матонат обутоб ёфта, дар оянда низ ба халқу Ватани азиз сарбаландона хизмат менамояд” .
Наваскар Идибеков Ҳасан иброз дошт, ки “ Ман дар сафи Артиши миллӣ хизмат намуданро шарафу ифтихор ва соҳибимонӣ медонам. Аз ҷумлаи ҷавонони шаҳр даъват менамоям, ки сафи ихтиёриёнро барои хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ бояд зиёд кунем, зеро Ватан номӯси инсон ва ҳадяи раббонӣ маҳсуб ёфта, ватанбонӣ, яъне хизмат ба Ватан нишони имондорист”.
Барномаи фарҳангӣ ба маъракаи гусели наваскарон шукӯҳи идона бахшид. Бо анъанаи «Кулчагазон»-у дуои неки волидон ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.
Саҳифаи 32 аз 73