- Диданд: 574
- Диданд: 390
н.Рӯдакӣ 21.03.2022. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Рӯдакӣ ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳия як силсила чорабиниҳои бошукӯҳи наврӯзӣ доир гардид. Дар ин маросими тантанавӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода, раиси ноҳия Азизулло Исматзода, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, аҳли ҷамоатчигӣ ва дигар сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Дар оғози тантанаҳои наврӯзӣ меҳмонон аз намоиши таомҳои миллӣ, дастархони "Ҳафт син" ва "Ҳафт шин", ҳунарҳои мардумӣ ва бозиҳои варзишии наврӯзӣ, ки дар роҳи марказии ноҳия аз назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то назди майдони муҷассамаи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ороста шуда буд, дидан намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи ҳаваскорони маҳфилҳои адабӣ-драмавӣ, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва тарбиятгирандагони боғчаҳои бачагонаи ноҳия намоиши театркунонидашудаи наврӯзӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
- Диданд: 363
Ҳамватанони маъюбу бепарастор, оилаҳои ниёзманд ва ятимон зери таваҷҷуҳ ва дастгири ҳамешагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор доранд.
Дасти кумак дароз намудан ба шахсони ниёзманд аз амалҳои хайру савоб буда, яке аз хислатҳои беҳтарини инсонӣ маҳсуб меёбад. Бояд зикр намуд, ки ин қишри ҷомеа ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дорад.
Дар арафаи Иди Наврӯз аз ҷониби Бахши ҳифзи иҷтимоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар пайравӣ бо иқдомҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат ба аёдати як чанд оилаҳои ниёзманд рафта аз ҳолу аҳволи онҳо бархурдор гардид. Ва инчунин ба маюбони гурӯҳои 1 ва 2, ки қобилияти ҳаракат ва роҳ гаштанро надоранд ба онҳо аробачаи маюбӣ ва кумакҳои яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.
Саҳифаи 33 аз 73