Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 8 апрели соли равон Маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2022 баргузор гардид ва муовини аввали раиси ноҳия Абдуаҳад Саидмуродзода оид ба ин масъала ҳисобот дод.
Дар ҷараёни кори ҷаласа раиси ноҳия Азизулло Исматзода ба кормандони нозироти андоз ҷиҳати иҷрои пурраи ҷамъоварии андозҳо дар семоҳаи аввали соли равон изҳори миннатдорӣ намуд. Сипас ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини сабади истеъмолии сокинони ноҳия ба сардори Раёсати кишоварзӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон раиси ноҳия Азизулло Исматзода аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон ёдовар шуда, сартабиби ноҳия, сардори Раёсати маориф ва раиси кумитаи идораи замини ноҳияро барои дастгирии омӯзгорон ва табибони ҷавон ва вобаста ба имконоти мавҷуда бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин таъмин намудани онҳо вазифадор намуд.
Дар идомаи маҷлис ба масъулин, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолон супориш дода шуд, ки ҷиҳати амалигардонии як қатор тадбирҳову вазифаҳои аввалиндараҷа, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зарур дониста шудаанд, дар семоҳаи дуюми соли 2022 саҳм бигиранд.
Маҷлис дар анҷом оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои идомаи соли 2022 қарори дахлдор қабул намуд.