Ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори “Қасри фарҳанг”-и ноҳия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар он Раиси ноҳия Азизулло Исматзода, муовини аввал ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, Комиссари ҳарбии ноҳия, афсарону сарбозон, роҳбарони бахшу сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони ҳифзи ҳуқуқу тартибот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигарон иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо ворид намудани Парчами давлатии Тоҷикистон бо қадамзании низомӣ оғоз ёфт. Сипас, Раиси ноҳия Азизулло Исматзода ҳозиринро табрик намуд. Ӯ зимни суханронӣ аҳли толор ва мардуми ноҳияро ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ самимона таҳният гуфта, аз ҷумла иброз дошт, ки Артиши миллӣ зодаи даврони истиқлоли кишвар буда, дар муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ ташаккул ёфта, аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт ва қудрати худро дар ҳифзи ҷомеа ва давлатдорӣ борҳо собит намуда, ба яке аз ниҳодҳои пурқудрат мубаддал гардидааст.
Комиссари ҳарбии ноҳия, полковник Манучеҳр Ёрзода дар табрикоти хеш саҳми ҷавонони бонангу номуси ноҳияро дар ҳифзи марзу буми кишвар ва якпорчагии Тоҷикистони азизамон назаррас арзёбӣ намуд.
Дар анҷоми қисмати тантанавӣ аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳия Азизулло Исматзода бо рутбаи полковники эҳтиётӣ ва Комиссари ҳарбии ноҳия, полковник Манучеҳр Ёрзода бо Ифтихорномаи вазорат сарфароз гардонида шуда, тибқи Фармоиши Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо аз 16 феврали соли 2022, таҳти №134 "Дар бораи ҳавасмандгардонии ҳайати шахсӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, барои хизматҳои софдилона ва ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба муовини раиси ноҳия Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Ҷамшед Воҳидзода, прокурори ноҳия Ҳусейн Давлатзода, сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳия Худойдод Одинаев, сардори ШВКД-1 дар ноҳия Қудратулло Назарзода, сардори ШВКД-2 дар ноҳия Хайрулло Зубайдзода, раиси Суди ноҳия Нуриддин Расулзода бо медалҳои ҷашнӣ қадрдонӣ гаштанд.
Инчунин, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ки сари вақт нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбиро иҷро намудаанд ва якчанд афсарони пешқадам бо Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Баъд аз ҷамъомади тантанавӣ барномаи консертии аҳли фарҳанг, ки саршор аз шеъру таронаҳои ватандӯстӣ ва рақсу саҳнаҳои ҷолиб буданд, пешкаши ҳозирин гардид.